Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва расидагӣ ба мушкилоти мардум аз водии Бартанг дидан намуд.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар минтақаҳои баландкӯҳ, ба сокинони заҳматкашу меҳнатдӯсти Бартанг таваҷҷуҳи хосса доранд. Бо дастури Роҳбари давлат Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии водии Бартанг қабул шуд, ки дар доираи он бештари муассисаҳои таълимию тандурустӣ таъмиру навсозӣ гардида, барои таъмиру навсозии роҳҳои мошингард, дар сатҳи хуб нигаҳдорӣ намудани онҳо дар водӣ муассисаи роҳсозӣ ташкил гардид. Дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ дар даҳ соли охир дар деҳоти водӣ корҳои зиёд сомон дода шуданд. Бо бунёди силсилаи неругоҳҳои барқи обӣ ва насби таҷҳизоти алоқаи мобилӣ мушкилоти мардум дар ин самтҳо то дараҷае ҳалли худро ёфтанд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар масъалаи таъминоти аҳолии минтақа бо озуқаворӣ мушкилӣ вуҷуд дошт. Бо беҳтар гардидани инфрасохтори роҳсозӣ ва ташкил намудани дукону мағоза ва нуқтаҳои фурӯши Агентии захираи озуқаворӣ таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқа ва молҳои ниёзи аввал хеле беҳтар гардид.
Раиси вилоят аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар Бартанг сатҳи донистани забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ нисбат ба дигар минтақаҳои вилоят хеле хуб аст. Хурду бузург озодона бо забони давлатӣ ҳарф мезананд. Ҳам хурдсолон ва ҳам пиронсолон дар озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Дар водии Бартанг раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи хурди обии деҳаи Аҷирх шинос гардид. Зимни суҳбат бо аҳли деҳоти гирду атрофи мавзеъ ва сохтмончиёни иншоот зикр шуд, ки дар доираи амалигардонии Барномаи давлатӣ ҳамаи деҳаҳои вилоят, ки ҳанӯз ба барқи хушсифат дастрасӣ надоранд, дар солҳои наздиктарин бо барқ таъмин мегарданд. Дар деҳаи Рошорв бошад, бо иштироки раиси вилоят майдончаи варзиш мавриди истифода қарор дода шуд. Раиси вилоят, ҳамчунин, барои сокинони водии дурдаст дар ҳар деҳа қабули шаҳрвандонро ташкил намуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”