Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" роҳандозии хатсайри мустақими Хуҷанд-Урумчи-Хуҷандро эълон медорад. Сокинони шаҳри Хуҷанд акнун метавонанд ба Урумчи парвоз намоянд ва тавре интизор меравад, парвози нахустин дар ин масир 16-уми май сурат мегирад.
Парвоз аз Хуҷанд ба Урумчи ҳафтае як маротиба, рӯзи панҷшанбе ва баргашт рӯзи ҷумъа тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ мегардад. Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Урумчи 21:00 ва аз Урумчӣ ба Хуҷанд 04:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки айни замон ширкати ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Урумчи ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвозро анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе 22:30 ба вақти маҳаллӣ буда, аз Урумчи ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе, соати 03:30 мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»