Дар бинои раёсати Возорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти Прокуратураи шаҳри Душанбе, милитсияи пойтахт, мақомоти гумрук, андоз, амният, сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе, аз қабили маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт иштирок доштанд.
Тавре аз РВКД хабар доданд, дар асоси нақшаи тасдиқгардида, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, махсусан содир намудани ҷиноят аз ҷониби наврасону ҷавонон, санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти вазъи ошкору пешгирӣ ва таҷрибаи тафтишотию судии ҷиноятҳо марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар давраи соли 2023 ва се моҳи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо қарори шуро, ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»