Бо ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 55-солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгории Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, барандаи Мукофоти давлатии СССР ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо бо иштироки вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, чеҳраҳои саршиноси ҳунару санъати кишвар ва устодону донишҷӯён маҳфили пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки мо аз рӯзгор, ҷодаи эҷод, осору фаъолият ва аз маҳбубияти профессор Ҳошим Гадо ба хубӣ огоҳ ҳастем ва ифтихор мекунем, ки ин марди ҳунар дар Донишкадаи мо фаъолияти пурсамари омӯзгориро ба роҳ монда, рисолати худро содиқона бо истифода аз таҷрибаҳои бисёрсолаи худ ба ҷо овард ва чароғи мактаби фардии худро, ки бо номи “Мактаби устод Ҳошим Гадо” маъруф аст, рӯшан нигоҳ медорад. Ҳошим Гадо бо офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театр, синамо ва намоишномаву чорабиниҳои давлатию фарҳангии гуногун санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон диёри ҳунару фарҳанги олист.
Таъкид гашт, ки устод Ҳошим Гадо дар баробари нақшофарӣ, фаъолияти пурсамари нависандагӣ ва омӯзгорӣ бо киностудияҳои кишварҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол доштанду доранд. Аз ҷумла, «Мосфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», студияи синамои Марокаш устодро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Қобили зикр аст, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» тамошобинони сипосгузор дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае номи Ҳошим Гадоро мондаанд.
Матлубахон Сатториён Ҳошим Гадоро ба муносибати 55-солагии фаъолияти пурсамари эҷодию омӯзгорӣ табрику муборакбод намуда, рӯзгори осудаву бобаракат ва дар ростои талошҳои ҳаррӯзааш баҳри рушди фарҳанги миллӣ муваффақияту комёбиҳои нав ба нав таманно намуд. Зикр гардид, ки дар ҳамаи давру замон манзалату шуҳрату шони ин ё он миллатро аз бузургии фарҳангу санъат ва адабиёту тамаддунаш муайян мекунанд, ки ин муқаддасотро нобиғагони беҳамто, фарзандони фарзонааш – шоирон, нависандагон, олимон ва ҳунармандон меофаранд. Хушбахтона, халқи бузурги мо дар тамоми соҳаҳои илму фарҳангу адабиёт фидокорони худро дорад, ки барои баланд бардоштани ному нанги миллати шарафмандамон камари ҳиммат бастаанд. Яке аз фарзанди фарзонаи миллати тамаддунофари мо устод Ҳошим Гадо мебошад.
Воқеан, ҳунарманди беназиру нотакрор устод Ҳошим Гадо дар фаъолияти худ беш аз 100 нақш офарида, 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштаанд ва муаллифи чандин китобу мақолаҳо мебошанд. Устод дар баробари ҳунармандӣ, инчунин, ба нависандагӣ мароқи беандоза доранд. Эшон муаллифи зиёда аз 750 китобу мақолаҳои баландмазмун ва эссеҳои фалсафӣ мебошанд. Китобҳои «Розҳо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Кунҷ», «Суҳроби ман» ва садҳои дигар аз ҳамин қабиланд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»