Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аики мулоқот дошт.
Тавре аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ вазъи кунунии равобити дуҷониба дар самтҳои гуногун, инчунин, таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду мамлакат дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» матраҳ гардид.
Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Аз 5 то 11-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда табодули афкор намуданд.
Тоҷикистон ва Синзян корхонаҳои муштараки саноатӣ таъсис медиҳанд
13-уми май дар шаҳри Урумчи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо муовини раиси ҳукумати шаҳри Урумчии Синзян – Уйғури Чин Сун Сунмей вохӯрд.
Иброз гардид, ки соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо ноҳияи мухтори Синзян – Уйғури Чин 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24 дарсад беш мебошад.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ шуд.
Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми STI
«Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи табиӣ ва аҳолии ҷавон дар остонаи дигаргуниҳои назаррас қарор дорад».
Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар Форуми бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор оид ба илм, технология ва инноватсия барои Ҳазорсолаи рушди устувор (STI), ки дар шаҳри Ню- Йорк баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорат иттилоъ додааст.
Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соли 2024 ба нақша гирифтааст, ки ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини таъиноти кишоварзиро беҳтар намояд.
Ҳамчунин, дар хабари пахшнамудаи хадамоти матбуотии Агентии мазкур омадааст, ки яке аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба шумор рафта, то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 2156 гектар замин беҳтар гардонда шуд.