14-уми май бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот доир ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш баргузор гардид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ҳадафи муҳокима, пеш аз пешниҳоди лоиҳа ба Парлумон, он бо доираи васеи намояндагони мақомоти давлатию вакилони Парлумони Тоҷикистон, созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва журналистӣ бори дигар баррасӣ ва таҳрир шавад.
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ Шараф Шерализода бо сардори шуъбаи кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона Абдулҳақ Амирӣ мулоқот дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро таҳти баррасӣ қарор доданд.
Дар Хатлон нақшаи даъват ба хизмати Ватан иҷро гардид
«Ба ҳолати 14-уми май нақшаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро шуд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулини ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд. Давоми моҳи апрел то имрӯз даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ ҷамъбаст шуд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ барои таъсиси паркҳои
технологии муштарак
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ва дигар давлатҳои шарик дар Ню-Йорк дар мавзуи «Аҳамияти таъсиси паркҳои технологӣ бо истифода аз ашёи хоми мавҷуда» чорабинии канорӣ доир намуд.
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир зимни нишаст аҳамияти таъсиси паркҳои технологӣ ва нақши онҳоро дар рушди саноати мамлакат зарур шумурда, таъкид сохт, ки ҳоло ин иқдом дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.
Масъалаи сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба тандурустӣ: ифтитоҳи нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» ҳамоиш доир гашт.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки чор самти аз ҳама муҳиму аввалиндараҷаи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 – ин беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва эътинои хизматрасонии ёрии аввалини тиббию санитарӣ, маблағгузории устувор, низомҳои иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ ва таъмини рушди устувори захираҳои кадрӣ мебошад.
Китобҳои нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон»
150 номгӯй китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба алоқамандони мутолаа манзур гардид.
Аз раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг ба мо иттилоъ доданд, ки таваҷҷуҳи китобдӯстони эронӣ ба ғурфаи Тоҷикистон хеле зиёд аст. Иштирок дар ин Намоишгоҳ яке аз арсаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои фарҳанги ду давлати дӯст маҳсуб мешавад.