«ТЕМУРМАЛИК: ҚАРЗҲОИ БЕАСОСРО КӢ ҶУБРОН МЕКУНАД?»
Мақолаи «Темурмалик: Қарзҳои беасосро кӣ ҷуброн мекунад?», ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» №150, аз 24.07.2023 нашр шудааст, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳангоми баррасӣ, масъалаи норасоии лавозимот ва фарсуда будани техникаҳои корӣ, ки дар суҳбати рӯзноманигор бо роҳбарияти сардори шабакаҳои барқӣ ба он таваҷҷуҳ шудааст, муҳокима шуд.
Маълум гардид, ки ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҷдид шуда, дар се қисм – "ҶСК Барқи тоҷик", "ҶСК Интиқол" ва "ҶСК Тақсимот" кор пеш бурда мешавад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди дархостҳо оид ба лавозимоти техникӣ ва дигар маводи лозима то як вақти муайян таъмин нагардидаанд. Бино ба гуфтаи собиқ роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳия Исматулло Толибов, қарзҳо қариб 10 миллион сомониро ташкил дода, аз ин 7 миллиону 419 ҳазору 592 сомонӣ қарзҳои беасос аст. Дар ин робита, маълум менамоем, ки дар давраи гузариш аз барномаи "Таҷбилинг" ба барномаи "Смартбилинг", ки назоратчиёни шабакаҳои барқи ноҳия таҷрибаи кофӣ надоштанд, ба чунин иштибоҳ роҳ доданд. Тибқи санадҳои муқоисавӣ ин вазъ муайян шуда, ба роҳбарияти болоии шабакаҳои тақсимоти барқ барои чораандешӣ пешниҳод манзур гардидааст. Боқимонда қарзҳои асоснок аз солҳои қаблӣ буда, баъзе корхонаҳо барҳам хӯрда, аммо қарзашон аз байн нарафтааст. Қарзҳои дигар, марҳала ба марҳала аз аҳолӣ ва корхонаҳо пардохт шуда истодаанд.
Оид ба ваҷҳи он, ки 7 деҳаи навбунёд аз надоштани барқ танқисӣ мекашанд, маълум менамоем, ки ин деҳаҳо бо шумораи 5 ё 7 хона сохта шуда, дар масофаи аз 5 то 15 километр аз хатти барқ дур ҷойгиранд ва ҳамчун деҳа дар ноҳия ба қайд гирифта нашудаанд. Сокинонашон ба хотири машғул шудан ба чорводорӣ дар ҷойҳои муносиб хона сохтаанд, ки барои ба онҳо расондани барқ маблағи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ лозим аст.
Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар нақша – чорабиниҳои ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳо андешида шуда, дар ҳолати пайдо шудани манбаъҳо аз ҳисоби саховатмандон, сокинон ва соҳибкорон бартараф карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар оянда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, самаранок истифода бурда, дар самти бартараф намудани мушкилот бо матбуот ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мемонад.
Ш. Ҳ. ҲАСАНЗОДА,
раиси ноҳияи Темурмалик