Баҳром Алӣ Аҳмадзода, сокини шаҳри Хуҷанд, аз овони наврасиву ҷавонӣ дӯстдори китоб буда, имрӯз ҳам, сарфи назар аз пиронсолӣ, қомус тартиб медиҳад. Ҳаёт ва фаъолияти одамони муътабари диёрро рӯйи коғаз меоварад.
– Бигзор насли наврас донаду огоҳ бошад, ки бобоёну падарони обрӯманд доштаанду онҳо баҳри ободии ватанашон талош кардаанду саҳми арзанда гузоштаанд, – мегӯяд ӯ.
Мавсуф соли 1972 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, то лаҳзаи ба нафақа баромадан чун табиби ҳирфаӣ баҳри солимии аҳли диёр хидмат кардааст. Ӯ иштироккунандаи даҳҳо ҳамоишҳои минтақавӣ ва умумииттифоқию ҷумҳурӣ мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи аҳли оилааш зиёӣ мебошанд.
– Шавқи ман ба китобу қомуснависӣ ҳанӯз аз давраи мактабиву донишҷӯӣ шуруъ шуда, дар давоми фаъолияти корӣ бошад, он кам не, боз ҳам афзудааст, – иброз медорад Баҳром Алӣ Аҳмадзода, - зеро гузаштагону пайвандонам ба илмомӯзиву китобхонӣ иртиботи қавӣ доштанду доранд. Баъди ба синну соли нафақа расидан тасмим гирифтам, ки ба мутолаа, навиштани қомус аз зиндагиномаи фарзандони фарзонаи диёр - шаҳру навоҳии Суғд машғул шавам ва инак, беш аз 20 сол аст, ки бо одамони зиёди муътабари касбу корашон гуногун вохӯрда, бо сарнавиштҳои хеле аҷибу наҷибашон шинос мешавам ва худ, ҳамзамон, меомӯзам.
Аввалин қомусномаи Баҳром Алӣ Аҳмадзода ба шахсони барӯманди рустои машҳури вилояти Суғд – Ёва бахшида шуда, се қисмро фарогир аст. Ба ин васила, хонанда бо бисёр чеҳраҳои шинохтаи ин деҳа, ки дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқ фаъолият кардаанд, шинос мешавад. Як китоби дигари муаллиф ба таърихи рустои дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ғозиён бахшида шудааст. Ҳамин тариқ, паси ҳам қомусҳояш таҳти унвонҳои “ Фидокорони Ғозиён”, “Диловарони Ватан”, “Сад фарди сарбаланд”, “Чеҳраҳои нотакрор”, “Устодон ва дӯстон”, “Қомуси тибби вилояти Суғд” аз чоп мебароянд.
– Дар бисёр ҳолатҳо манбаи илҳоми эҷодиам суханҳои гарму самимии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд, ки дар иртибот ба таърихи пасисаршудаи халқамону фарзонафарзандони он, бузургони миллат, қаҳрамонони халқ вобаста аст.
Дар ин рӯзҳои баҳорӣ ӯ боз аз паси ҷустуҷӯи сарнавиштҳои наҷиби чеҳраҳои тобони диёр қарор дорад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”