Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар тули зиёда аз 30 соли фаъолияташ бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми кишвар табдил ёфта, имрӯз бо умеди тоза, рӯ ҷониби ояндаи дурахшон қадамҳои боэътимод мегузорад.
Донишгоҳ бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 1993, таҳти №364 таъсис ёфта, фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмии муассиса тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Иҷозатнома аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати қадамҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ дар соли 2008, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супурдани бинои нави таълимӣ дар соли 2011, моҳи ноябри соли 2022 дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили Ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳ бо тамоми шароитҳои зарурии муосир, барои мустаҳкам гардидани заминаҳои моддиву техникии он мусоидат намуд ва ин марҳалаи сифатан нави рушду такомули ин маъвои саодати маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Муассиса дорои 6 факултет: ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, молия ва андоз, бизнес ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инноватсия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент ва 29 кафедра мебошад.
Дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр аз рӯи 40 ихтисос, магистратура 12 ихтисос ва докторантура (PhD) 12 ихтисос таҳсил ба роҳ монда шудааст. Ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз дорои Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ мебошанд.
Теъдоди умумии донишҷӯёни Донишгоҳ 6592 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 944 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар Донишгоҳ таҳсил менамояд.
Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 314 нафар омӯзгор, аз ҷумла 19 нафар доктори илм, 147 нафар номзади илм ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ, аз теъдоди умумии устодон 53,2% дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажӯҳишоти илмӣ дар Донишгоҳ айни ҳол 1339 адад компютер, 95 адад ноутбук, 212 адад принтер, 193 адад проектор, 61 адад тахтаи электронӣ, 201 адад камераи назоратӣ мавриди истифода қарор доранд. Ҳамаи компютерҳои Донишгоҳ ба шабакаи Интернет, бе маҳдудияти истифодаи шабонарӯзӣ пайваст буда, дастрасӣ ройгон аст.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил барои донишҷӯён дар Донишгоҳ 5 бинои таълимӣ, маркази таҳсилоти рақамӣ, марказҳои тестӣ, лабораторияҳои криминалистӣ ва компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, кабинетҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, парки технологӣ, се толори маҷлис, маҷмааи варзишӣ, осорхона, хобгоҳ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, бунгоҳи тиббӣ амал менамоянд.
Бо мақсади дар сатҳи муосир ба роҳ мондан, автоматикунонии назорату санҷиши донишазхудкунии донишҷӯён, идоракунии раванди таълим бо барномаи DEM.tj ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулият дар 17 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 7 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ гузаронда мешавад. Инчунин, дар бахшҳои гуногун забонҳои хитоӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва арабӣ омӯзонда мешаванд.
Махзани китобхонаи илмиро 55 ҳазору 397 адад ва китобхонаи электрониро 129 ҳазору 965 адад адабиёт ташкил медиҳад.
Донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – дар ойинаи таърих», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», олимпиадаҳои фаннӣ, онлайн-олимпиадаҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд мунтазам дастгирӣ ёфта, бо стипендияҳо таъмин карда мешаванд.
Айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи раиси вилояти Суғд – 22 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд – 4 нафар, стипендияи раёсати Донишгоҳ – 75 нафарро ташкил медиҳад.
Раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷӯёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, 21 нафар донишҷӯи эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин, ин донишҷӯён имконият доранд аз ошхонаи Донишгоҳ хӯрокҳои серғизоро дар вақти дилхоҳ, тариқи ройгон истеъмол намоянд.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо 167 корхонаю ташкилот, аз ҷумла вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Робитаҳои самаранок бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмию таълимии Донишгоҳ равона гардида, ҳамкорӣ бо барномаҳои грантӣ, бо донишгоҳҳои Русия, Амрико, Япония, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Чин, Маркази Конфутсий ва дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст. Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ ба 105 адад расонда шудааст.
Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент сохтори нави таълимӣ – факултети муштараки Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкил карда шуд. Факултети муштарак аз рӯи ихтисосҳои кори бонкӣ ва молия ва қарз дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамояд. Ихтисосҳои зикршуда дорои сертификати аккредитатсияи байналмилалӣ буда, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат дода мешаванд.
Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ табодули донишҷӯён бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда мешавад. Инчунин, аз ҷониби ҳамкорони хориҷӣ бурсияҳо ҷудо гардида, донишҷӯён барои таҳсил фиристода мешаванд.
Донишгоҳ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба қатори даҳгонаи беҳтарин ворид гардида, узви донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Лигаи донишгоҳии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё-Хитой, Алянси байналмилалии таълимии илмӣ мебошад.
Бо мақсади таъмини осоишу фароғати донишҷӯён маҳфилҳои дӯзандагии «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ», барои ҳаваскорон ансамбли созию овозии «Ошёни меҳр» амал мекунанд.
Донишгоҳ дорои сомонаи расмӣ (www.tsulbp.tj) буда, тамоми мавод ва маълумоти вобаста ба самтҳои фаъолияти он дар ин сомона инъикос ёфтаанд. Дар назди Донишгоҳ маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ», нашрияи «Маъвои хирад», нашриёти «Дабир», барномаи телевизионии «Набзи донишгоҳ» фаъолият мебаранд.
Имрӯзҳо дастпаварони Донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он, ба монанди мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсат, идоракунӣ, низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.
Пас аз хатми Донишгоҳ хатмкунандагони болаёқат метавонанд таҳсили худро дар магистратура, докторантура (PhD) ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (таҳсилоти дуюми олӣ) идома диҳанд.
Айни замон дар хобгоҳи Донишгоҳ 300 нафар донишҷӯёну толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд. Дар хобгоҳ баробари фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зист ба тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, маърифатӣ, варзишии бошандагони он эътибор зоҳир гардида, барои таъмини осоишу фароғаташон китобхона, майдончаи варзишӣ, утоқи компютерии пайваст ба Интернет, хонаи тафреҳ, ҳуҷраи дӯзандагӣ, маҳфили фарҳангӣ, маҳфили дӯзандагии «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ» амал мекунанд.
Ин ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ва дастпарварони соҳиби тахассуси баланд буд, ки соли ҷорӣ, дар умум беш аз 22 ҳазор довталаб ихтисосҳои Донишгоҳи моро дар даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-и Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст идома дошта, ҳамзамон, раёсати Донишгоҳ сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон, ки ҷиҳати оғози сохтмони он санаи 15-уми ноябри соли 2022 Пешвои муаззами миллат санги асос гузоштаанд, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои муҳиму муҳташаме, ки Ҳукумати кишварамон пешбинӣ менамояд, ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли донишҷӯёни Донишгоҳ ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози Меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон кӯшишу ғайрат менамоянд ва Ҷашни барои ҳар яки мо муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатиамонро бо дастовардҳои назаррас таҷлил хоҳанд намуд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»,
Аслам КАРИМОВ, омӯзгори ДДҲБСТ