Бозоралӣ Бекматов дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи шахсони маъруфи кишвар Мирзо Бекматов ва Соҷида Акалаева таваллуд шудааст. Аз хурдӣ фаъолу ҳозирҷавоб ба воя мерасид. Волидонаш барои аён шудани қобилияташ ба машғулятҳояш дар варзиш, рассомӣ ва мусиқӣ монеа намешуданд.
Пурталошӣ, ки дар замин дошт, пас аз хатми мактаб, донишҷӯи факултаи иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) шуд ва дар ин даргоҳи дониш низ, дар чорабиниҳои сатҳи гуногун фаъолона ширкат меварзид. Роҳбари гурӯҳи вокалию инструменталии ин Донишкада буд, лауреати озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявии «Торҳои офтобӣ» гардид.
Соли 1983 пас аз хатми Донишкада дар хоҷагии овозадори «Ленинград»-и минтақаи Кӯлоб ба сифати иқтисодчӣ ба кор шуруъ намуд. Аммо майли васеъ кардани дониш дар соҳаи иқтисодиёт водораш сохт, ки, ҳамзамон, дар Донишкадаи савдои Новосибирск ғоибона таҳсил намояд. Ҳамин тавр, соҳиби маълумоти дуюми олии иқтисодӣ гардид.
Ҳангоми кор дар хоҷагии «Ленинград» бо дастгирии роҳбарияти хоҷагӣ ва кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб ӯ барои вохӯриҳои фарҳангӣ бо донишҷӯёни тоҷики дар Россия таҳсилкунанда сафари гурӯҳи халқии «Кӯлоб»-ро ба шаҳрҳои Самара, Саратов ва Волгоград ташкил карда, қобилияти ташкилотчигии худро собит намуд.
Ӯро мудири шуъбаи комплекси агросаноатии комиссияи планкашии Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб ва баъдан ҷонишини сардори нозироти андози вилояти Кӯлоб таъин карданд.
Бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар Бозоралӣ Бекматов ҳамчун афсари эҳтиётӣ аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ ба гурӯҳи худмуҳофизон дар ҳайати Кумитаи амнияти давлатии вилояти Кӯлоб барои ҳифзи сохти конститутсионӣ даъват гардид. Пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ ӯ ба ҳайси ёрдамчии муовини якуми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Дар охири соли 1993 ӯро ҳамчун мутахассиси соҳаи молияву иқтисод сардори Раёсати навтаъсис оид ба муносибатҳои молиявии байналмилалӣ дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ таъин карданд. Дар ин Вазорат мавсуф 15 сол фаъолият намуд.
Ӯ Тоҷикистонро дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молиявию иқтисодӣ дар Австрия, Эрон, Малайзия, Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо шоиста муаррифӣ кардааст.
Барои меҳнати содиқона ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.
Бозоралӣ Бекматов ба нафақа баромада бошад ҳам, ҳамчун корманди Пажӯҳишгоҳи барқароршудаи илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат ба Ватанро идома медиҳад.
Д. НЕЪМАТОВ