Бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ солҳои охир бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи калони сементбарорӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 7-уми ноябри соли 2023 корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП “Тоҷиксемент” дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки иқтидори истеҳсолии солонаи он 1,2 миллион тонна аст. Бунёди чунин корхонаи нави саноатӣ барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи устувор мегузорад.
Албатта, дар рушди бесобиқаи соҳа тадбирҳои андешидаи Ҳукумат мавқеи калидӣ доранд. Бо тасдиқи ин гуфтаҳо Исоҷон Қурбонзода, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат имтиёзҳо барои соҳаҳои алоҳидаи саноат пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, бо мақсади ривоҷи минбаъдаи соҳа ва таъмини бозори дохилӣ воридоти дастгоҳу таҷҳизоти технологии корхонаҳои сементбарорӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд.
– Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 15 корхонаи сементбарорӣ фаъолият дорад, ки бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти технологии пешрафта таъмин буда, дар онҳо 3800 кас соҳиби ҷойи кор аст. Маҳсулоти корхонаҳо бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 350, 400 ва 500 истеҳсол мегардад. Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ, ашёи хом барои истеҳсоли семент дар корхонаҳо аз захираҳои табиии ватанӣ дастрас мегардад, – гуфт Амонулло Судуров, сардори раёсати саноати масолеҳи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Дар кишвар то соли 2014 ҳамагӣ 300 ҳазор тонна семент истеҳсол мегардид. Моҳҳои январ-марти соли равон 926,5 ҳазор тонна сементи хушсифат истеҳсол шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 27,5 ҳазор тонна бештар мебошад. Дар зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли семент, асосан, саҳми ҶДММ “Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон, “Хуаксин Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров назаррас мебошад, ки онҳо соле беш аз 1,2 миллион тонна маҳсулот истеҳсол менамоянд. Дар умум, иқтидори солонаи корхонаҳои сементбарории ҷумҳурӣ беш аз 6 миллион тонна буда, ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент тавлид мегардад. Талаботи ҷумҳурӣ ба семент дар як сол 3 миллион тоннаро ташкил карда, ҳаҷми содирот 33 дарсади сементи истеҳсолшуда мебошад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, корхонаҳои сементбарорӣ талаботи бозори дохилиро таъмин ва ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳсулот содирот менамоянд.
Амонулло Судуров изҳор дошт, ки аз соли 2016 содироти маҳсулот васеъ ба роҳ монда шуда, семент бештар ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешуд. Содирот якбора соли 2023 коҳиш ёфта, 442,1 ҳазор тонна ба фурӯш нарафт, зеро кишварҳои харидор корхонаҳои калони сементбарорӣ бунёд доранд, ки метавонанд талаботи дохилии худро пурра бо маҳсулот таъмин намоянд.
Таҳлили коршиносони соҳа, болоравии нархи барқ, сӯзишворӣ ва дигар омилҳоро аз масоили ҳалталаб ё монеаҳои соҳа медонанд, ки ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад.
Дар бозори дохилӣ як тонна семент вобаста ба тамға 850-880 сомонӣ мебошад. Як тонна семент ба Афғонистон бе назардошти хароҷоти роҳ бо арзиши 571 ва Ӯзбекистон 281 сомонӣ содир мешавад. Сабаб он аст, ки вақте сементро дар дохил ба фурӯш мебароранд, 18 фоиз андоз аз арзиши иловашударо корхонаҳои истеҳсолкунанда пардохт менамоянд. Ҳангоми содирот ин маблағ аз истеҳсолкунанда ситонда намешавад.
Айни замон барои кашондани маҳсулот, аз ҷумла семент, тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Арзиши боркашонии як вагон, ки 60-68 тонна бор дорад, аз истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Ёвон то истгоҳи Қудуқлии Ӯзбекистон, бо назардошти сабукиҳо, қариб 260 доллари ИМА аст. Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилию хориҷӣ, афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ аз соли 2017 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” тарифҳои боркаширо таҷдиди назар карда, ҳар сол бар зарари худ бошад ҳам, барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандаҳо сабукии имтиёзӣ пешниҳод мегардонад. Аз ҷумла, соли равон барои кашондани бор аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо вагони болопӯш ва сементбар 40-50, аз истгоҳи Қудуқлӣ бо нимвагон 30 ва вагони сементбар 50 дарсад сабукӣ додааст.
– Дар ҷумҳурӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ талабот ба семент зиёд шуд ва ин яке аз сабабҳои асосии кам фурӯхтани он ба хориҷи кишвар мебошад, – мегӯяд Суҳроб Соҳибназарзода, сардори шуъбаи нақлиёти роҳи оҳани Вазорати нақлиёт. Ба гуфтаи мутахассис, агар ҶДММ “Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Суғд семент” дорои хатти роҳи оҳани фаръӣ мебуданд, ҳолати боркуниву борфурорӣ камтар, яъне тавассути як нақлиёт сурат гирифта, арзиши интиқол арзонтар мегардид. Бо назардошти таҷрибаи Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, пешниҳод менамоем, ки корхонаҳои зикршуда хатти роҳи оҳани фаръии худро то роҳи оҳани мавҷудбуда бунёд намоянд. Дар ҳолати ҷудо шудани маблағ барои сохтмон КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” омода аст, ки хатти роҳи оҳани мазкурро бунёд ва ба истифода супорад. Вобаста ба пешниҳод, соли 2019 ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва корхонаҳои зикршуда муроҷиат шуд, аммо оид ба набудани маблағи зарурӣ ҷавоби рад гирифтем.
Соли равон истеҳсоли семент ба 4,5 миллион тонна расонда, вобаста ба талаботи бозори хориҷи кишвар беш аз 1 миллион тоннаи он фурӯхта мешавад. Вобаста ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли он имконияти афзунсозии ҳаҷми содирот низ агар мушкилиҳо зудтар бартараф гарданд, зиёд мешавад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”