Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазири савдо ва интегратсияи Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Шаккалиев мулоқот намуд.
Давлаталӣ Саид иброз дошт, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.
Дар вохӯрӣ намояндагони доираҳои тиҷоративу сармоягузории Қазоқистон, аз ҷумла директори генералии ҶСК «Маркази рушди сиёсати савдои «QazTrade» доир ба самтҳои афзалиятдори ҳамкорӣ сухан гуфтанд. Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буда, дар он қариб чор миллион нафар зиндагӣ мекунад. Вилоят бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст. Танҳо соли гузашта дар вилоят 410 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол гардид, ки қисми зиёди он ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қазоқистон содир гардид.
Арман Шаккалиев гуфт, ҳадафи мулоқоти мо низ маҳз содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо табодули андеша карда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пиёз, сабзавоту меваҷот ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳавасмандӣ нишон доданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"