Саодат чист?
Чун бар хона меоӣ, даратро дасти Модар боз хоҳад кард.
Ҳамин дар боз кардан,
Зиндагии рафтаро оғоз хоҳад кард.
ФАРЗОНА
Ҷумлае менависаму хат мезанам, ҳарфе менависаму сукут меварзам, наметавонам шукӯҳу бузургиатро дар қолабе гунҷонам, вуҷуди ту қолаб надорад. Беинтиҳову бузург аст, бузургу беохир ба сони осмон. Магар мешавад он ҳама вусъати кайҳониатро дар чанд ҷумлаи каммояву шогирдона гунҷонд? Не, ҳаргиз!
Нанҷон медонӣ чӣ? Ман ифтихор дорам, ки аз батни ту, аз вуҷуди покат рӯи олам омадам. Аз рӯзе, ки худро дарёфтам туро ҷое осуда ва фориғ аз кору ташвиши рӯзгор пайдо накардам. Ту будиву чашми рӯз накафида машғули рӯбучини ҳавливу хона шудан, ту будиву субҳи содиқ аз пайи чарондани пода рафтан, ту будиву пухтупази нону хӯрок барои ҷигарбандон. Ҳар гоҳ сар ба болин мемонам, хаёлам маро ба дуриҳои дур мебараду дар ҷое дармемонад, ки модарам, овораи кори рӯзгору дақиқае фурсати нишастан намеёбад ё ба он одат накарда, ки ҷое ором нишинад. Гоҳе шабҳо чашмони дар ҳалқаи ашк фитода ва дастони аз ранҷи беист шахшӯлшудаи туро ба ёд оварда, “хоб дар чашми тарам мешиканад”.
Ӯ лаҳзае аз андешаи имрӯз ва фардои мо, андешаи фардое, ки номаълум аст, фориғ нест. Модарам ҳамаи ҳастиашро барои хонаводаи хеш бахшида ва мудом ҳар кореро бар салоҳи он анҷом додаву медиҳад. Ҳамаи сахтиҳои зиндагиро хомӯш, сабур пушти сар мекунад. Хислати фитриаш ин аст, ки зиёд ҳарф задану баҳс намудану аз пушти касе сухан гуфтанро намеписандад, вуҷудаш аз ин ҳама олудагиҳо холист, пок асту бенуқс.
Маҳдии Меҳрдод, нависандаи машҳур гуфта: “Модарам фаришта буд, вале ҳаргиз надидам парвоз кунад, зеро ба пояш маро баста буд, хоҳарамро, падарамро, ҳама зиндагиашро”.
Ӯ ҷавонӣ, ҳаёт ва ҳастиашро қурбони хушбахтиву осудагии мо ду нафар хоҳар ва падарам намуд. Шаст соли ҳаёташ сипарӣ гашт ва ман намедонам, ки аз ин ҳама умр чӣ қадарашро ба хушнудиву шодӣ ва беғамӣ гузаронда бошанд. Медонам, ки модарам хеле зиёд моро дӯст медорад ва инро замоне дарк кардам, ки барои аввалин бор аз деҳа ба шаҳр омадаму модарамро миёни кӯҳҳои бузурги деҳ гирёну ҳайрон танҳо гузоштам ва бори дуюм вақте хоҳарам барои идомаи таҳсил ба шаҳр омад, ӯро ором карда натавонистам. Аввалин ҷудоӣ миёни мо ҳафт сол қабл ба вуқуъ пайваст ва ин фосила барои ҳар дуи мо душвору сахт ва тоқатфарсо буд. Зиндагӣ ҳамин, чорае надорем. Дурии пурандӯҳи моро зангҳои телефонӣ ва суҳбатҳои кӯтоҳе, ки дар тули рӯз доштем, малҳам мегашт. Анҷоми дарсҳои донишгоҳро бесаброна интизор шуда, баъди як соли интизорӣ ба дидори ҳам мушарраф гаштем. Оғӯши гарми модар ва як лаҳза сар ба зонуи ӯ гузоштан, худ давлати бузург аст, ҳамаи ранҷу кулфатҳои дунё фаромӯш мешаванду ташвишҳои зиндагиву ояндаи норавшан дар назарат кӯчаку ҳеҷ мегарданд. Ҳамин гуна, аз суҳбату оғӯши модар сер нагашта, барои идомаи таҳсил ба шаҳр меомадам. Дар ин ҳафт соли дурӣ ҳамагӣ се маротиба барои чанд муддате пешаш ба деҳа рафтаму бо дидори ҳам хумори дил шикастем. Ҳар бор домони намозӣ ва ҳотаи сабзашро дар дили кӯҳистон тарк мегӯям, чашмони пурашку гирёнашро бо худ ба шаҳр меорам. Меорам барои ҳамешагӣ ва барои муддатҳои тулонӣ онҳоро фаромӯш карда наметавонам. Модарам ҳақ дорад, ки гиря кунад, зеро ба ҷуз ману Гулрафтор, кӣ давои дардҳояш шуда метавонисту метавонад, ҳеҷ кас надорад! Модарам ночор ба заҷр аст, зеро худ моро бо заҳмату машаққату бедорхобиҳо бузург кард ва имрӯз тоқати дуриамонро надораду дилхун мешавад. Барои гиря ӯро офаридаанд, ашк ҳам додаи илоҳист. Бузурге фармуда: “Танҳо модар метавонад бо ашк гуноҳҳои худро дар ҳамин дунё бишӯяд”. Албатта, ӯ бегуноҳ аст, “гуноҳ”-и ӯ ҳамин аст, ки моро офарида, фарзандони бевафову гурезпоро.
Модарам бо ҳамаи хубиҳо зани танҳост. Ӯ хеле зуд модари азизашон Оламбегимро аз даст дода. Аз муҳаббати зиёд ба модари хеш исми нахустин фарзандашон, яъне маро Оламбегим гузошт ва ҳамеша маро “нанҷон” гуфта, садо мезанад. Аз қиссаҳои модарам маълум мегардад, ки бибиамро беандоза дӯст медоштаст ва лаҳзае аз канори ӯ дур намешудаст. Духтари дигарашон баъди хатми мактаб, якро ду нагуфта, ба шаҳр барои идомаи таҳсил меравад, вале модарам аз паҳлуи бибӣ дур нашуд ва ҳамин гуна аз муҳаббати беҳудуд ба модарбузургам то охирин нафас дар бараш истод. Баъди сари бибӣ модарам бо падарам оила бунёд мекунад ва, ҳоло, бисту шаш сол бо ҳам дар сарои пурхурӯше бо номи дунё зиндагӣ доранд. Имрӯз ба худ суол медиҳам, ки барои модари худ ман чӣ кардам, ҷавоби ранҷу заҳматҳои ӯро чӣ гуна баргардонам, модаре, ки барои рӯ ба ҳастӣ овардани мо се маротиба ҷарроҳӣ шуд, модаре, ки аз саломатии худ парво накарда, ҳар лаҳза ҳоли моро мепурсад, модаре, ки ҳамаи сахтиҳои рӯзгорро таҳаммул карда, ояндаи моро фикр мекунад, барои модаре, ки боре ҳам самти мо духтаронаш овоз баланд накардааст, чӣ кардам? Ҳеҷ кор!
Ягона фарде, ки бо ҳама буду набуд ва нуқсу камол туро дӯст медорад, модар аст. Ягонае, ки шабу рӯз дар фикру ёди туст, аз дили ту огоҳ асту ғамбарор, модар аст ва ягонае, ки ҳамеша дар ёдамон боқист, дӯсташон медорем ва дилтангашон мешавем, ин модарони азизанд. Пас:
Аз ҳама меҳроваратро – модаратро дӯст дор!
Дилкушою дилбаратро – модаратро дӯст дор!
Бахти худ асло маҷӯ аз домани
зеборухон,
Шодиву гулпарваратро –
модаратро дӯст дор!
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
“Ҷумҳурият”