Зани тоҷик аз азал бо хулқу атвор ва зебоии табиии худ ҳамчун олиҳаи ҳусн достонзеб аст. Маъруфтарин кашшофони каломи бадеъ садсолаҳо аз усмаю сурма ба хотири чеҳраи зебои тоҷикдухтарон васф кардаву ашъорашонро бо рангорангии махсус ба ёдгор мондаанд. Хоса, тарзи либоспӯшӣ ва ороиши чашму абруи бонуи тоҷик ҳамеша мавриди ситоиш қарор гирифта, на танҳо ба эҳтироми ишон афзалияту авлавият бахшидааст, балки ба обрӯи миллат низ таъсири чашмраси мусбат гузоштааст. Вале сад афсӯс, ки тайи солҳои охир ҷойи ороишоти миллию табиии зеборо усулҳои ба қавле “замонавӣ” гирифтан доранд, ки силсилаи натиҷаҳои дигари манфӣ ва ба фарҳанги миллӣ таъсиргузорро дунбол хоҳанд дошд. Гап сари мафҳуми хеле маъмули “ботокс” меравад. Калимае, ки қариб дар тамоми кошонаҳои ҳусн, сар карда аз пойтахт то шаҳрҳои дигари калони қаламрави кишвар хеле фарогир реклама мешавад.
Аз забони мутахассисон аст, ки мегӯянд, ботокс аз калимаи ангилисии «botolinium toxin» буда, ботокс шакли кӯтоҳшудаи он мебошад. Далеле ҳам ҳаст, ки ботоксро, асосан, дар соҳаи тиб барои ҷарроҳии мағзи сар (фалаҷи мағзи сар) истифода мебурданд. Аммо шуруъ аз соли 1991 истифодаи ботоксро (ботолотоксини навъи А) дар соҳаи косметология оғоз намуданд. Ҳарчанд мутахассисони соҳа таъсири манфии ин сӯзандоруро ошкоро мегӯянд. Аз ҷумла, Рухсора Зокирова, косметологи шинохта, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома бо тасдиқи фикри мавриди назар чунин гуфт:
– Воқеан, сол ба сол таваҷҷуҳи занону духтарон ба ботокс зиёд шуда истодааст. Ин хизматрасонӣ, албатта, моли бегона буда, аз Ғарб ба мо омадааст. Ҷойи таъкид аст, ки мизоҷон ихтиёран ин намуди хизматрасониро интихоб мекунанд. Мо ҳамчун мутахассис танҳо тавсияи дуруст дода метавонем. Пеш аз ҳама, кӯшиш менамоем, то мизоҷ аз маҳсулоти босифат, аз ҷумла дорувории ба талабот ҷавобгӯи ботокс, истифода барад, ки ин хеле муҳим аст. Гап сари он меравад, ки новобаста аз зарари ҷиддие, ки ин сӯзандору ба саломатии инсон мерасонад, истеҳсоли чунин навъи доруворӣ дар кишварҳои мутараққии дунё дар ҳоли рушд аст. Аз ҷумла, маъруфтарини онҳо: Botox дар Амрико, Disport дар Фаронса, Xeomin дар Олмон, Relatox дар Россия, Botulax дар Корея ва Lantox дар Чин истеҳсол мешаванд.
Мутаассифона, аксарият мизоҷон дар кишвари мо аз Lantox истифода мебаранд, ки мутахассисони ботаҷриба аз додани кафолат дар истифодаи он худдорӣ мекунанд. Албатта, яке аз сабабҳои асосии маъмул будани Lantox арзиши нисбатан пасташ мебошад. Аҷиб ин аст, ки аксар занону духтарони мо ба нархи дору диққат медиҳанду ба таъкиди мутахассис дар бораи оқибати нохуб камтаваҷҷуҳанд.
Омили дигари мавриди нигаронӣ ин сатҳи пасти касбияти баъзе аз косметологҳо мебошад. Аксар ҳолатҳое мешаванд, ки худи мутахассис тарзи дуруст истифода бурдани ин сӯзандоруро надониста, ба хотири манфиату даромади хеш онро ба мизоҷон тавсия медиҳад. Аз ин сабаб, дар бештари ҳолатҳо, аз меъёр зиёд истифода шудани ботокс чеҳраи занону духтаронро на танҳо зебо намекунад, балки баръакс мекоҳонад. Чеҳраи инсон ҳусни табиии худро, ки аз даст дод, дигар ягон намуди муолиҷа, ҳатто ҷарроҳӣ, наметавонад онро барқарор намояд...
Воқеан, аҷиб, балки нофаҳмост, ки чаро занону духтарони мо дидаву дониста аз ин дору истифода мебаранд? Модоме ки маънои калимаи “toxin” ин худ заҳр мебошад.
Аз гуфтаи мутахассисон ва мушоҳидаҳое, ки дар рафти омӯзиши мавзуъ доштем, масъалаи беназоратӣ дар фаъолияти кошонаҳои ҳусн низ бароямон хеле муҳим ба назар расид. Муҳим аз он ҷиҳат, ки сохторе бояд ҳадди ақал аз натиҷаҳои зиёновари чунин амалиётҳо ҳамчун сохтори масъул ҷилавгирӣ кунад ё воридоти дорувории бесифатро то расидан ба кошонаи ҳусн зери назорату тафтиш қарор дода бошад.
Дар ҳамин радиф, сохтори дигаре ҳам мебояд, ки фаросати баъзе аз занону духтарони тоҷикро дар самти мавриди назар тақвият бахшад, то дастикам фоидаи худро аз зиёнашон фарқ карда тавонанд.
Зан-модари тоҷик бе муболиға олиҳаи ҳусн аст. Чаро роҳ медиҳем, ки фарҳанги бегона вориди хонаву кошонаи мо гаштаву салтанат ронад? Чаро модару бибиҳоямонро идеал намеҳисобем, чаро аз маҳсулоти тамоман безарар амсоли усмаву сурмаи тоҷикӣ истифода намебарем? Ва, умуман, боре аз худамон пурсидаем, ки ҳамин зебоии сунъии мо киро хушоянд асту киро не?
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”