Дави миллӣ дар Тоҷикистон бори 17-ум доир гашт
19-уми май дар ҷумҳурӣ чорабинии оммавии Дави миллӣ баргузор гашт, ки дар он садҳо ҳазор нафар ширкат карданд.
Чорабинии Дави миллӣ 17-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар доир мегардад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28-уми марти соли 2007 (таҳти №225) ба тасвиб расидааст.
Имсол дар шаҳри Душанбе дар баробари Дави миллӣ марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ зиёда аз 55 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1600 нафар иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки 107 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва зиёда аз 11 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ, дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 38 ҳазор нафар ва дар дигар шаҳру навоҳии кишвар бо ширкати ҳазорон нафар бошукӯҳ доир гашт.
БОКС
Медали нуқраи Миҷгона Самадова аз Хабаровск
Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова (57 кг) дар Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Константин Коротков, ки 14-18-уми май дар шаҳри Хабаровски Россия ҷараён дошт, сазовори ҷойи дуюм гашт.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар Мусобиқа варзишгарон аз
15 давлат ширкат карданд.
Миҷгона дар нимфинал бар намояндаи Беларус Марина Милярчик зафар ёфта, дар финал аз варзишгари мизбон Людмила Воронтсова мағлуб шуд.
Муштзанҳои тоҷик дар охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ ширкат мекунанд
Аз 26-уми май то 2-юми июн дар шаҳри Бангкоки Тайланд Мусобиқаи 2-юми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс баргузор мешавад. Ин охирин Мусобиқа ҷиҳати дарёфти роҳхати олимпӣ мебошад. Дар он ҳамагӣ 51 роҳхати боқимонда (23 ҷой барои занон ва 28 ҷой барои мардон) дар 13 вазн тақсим хоҳад шуд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон дастаи мунтахаби кишварро пурра ба Тайланд сафарбар менамояд: Фотима Бегмуродова (54 кг), Нилуфар Бобоёрова (60 кг), Шамшер Саидов (71 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).
Тоҷикистон феълан дар намуди бокс се роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро дорад: Миҷгона Самадова (-57 кг), Давлат Болтаев (-92 кг) ва Баҳодур Усмонов (-63,5 кг).
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”