Бо мақсади дар маҳал шинос шудан бо кори деҳқонон ва ташвиқи онҳо ба истифода аз усулҳое, ки боиси ҳосили фаровон мегарданд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун сафар кард. Раиси вилоят дар ноҳияи Панҷ аз истифодаи самараноки замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка дар кооперативи истеҳсолии ба номи Эмомалӣ Раҳмон огоҳ шуд.
Ҳасанзода Баҳодур, роҳбари хоҷагии болозикр, иттилоъ дод, ки майдони умумии хоҷагӣ 1376 гектар буда, дар 425 гектар ғалладона, 95 гектар беда, 18 гектар сабзавот, 14 гектар картошка ва 700 гектар пахта кишт кардааст. Хоҷагӣ айни ҳол ба ҷамъоварии картошка омода мебошад.
Кори барзгарони хоҷагии деҳқонии “Даврон”-и ноҳияи Панҷ низ бо авҷу барор пеш меравад.
Раиси вилоят аз натиҷаи бадастовардаи заҳматкашони ноҳия ва дастгирии муроҷиати Президенти мамлакат доир ба истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати боз ҳам васеъ кардани майдони кишти зироатҳо дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ноҳияи Ҷайҳун раиси вилоят, нахуст, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи Қумсангири деҳоти Қумсангир, иштирок намуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба кишоварзон барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид дод.
Дар идомаи сафар раиси вилоят бо нашъунамои пахта дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, воқеъ дар деҳаи Сари пули деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун, шинос гардид. ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” айни замон дар вилояти Хатлон азимтарин субъекти истеҳсолӣ дар соҳаи парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, пахта, шолӣ ва гандум мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои фаъолияти худ ба Ҷамъият муяссар гардид, ки 5706,91 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳунро обёрӣ намуда, дар он кишти асосӣ ва такрории зироатҳои гуногунро ба роҳ монад. Ҷамъият айни замон дар майдони 4967 гектар пунбадона кишт кардааст, ки бо усули қатрагӣ обёрӣ мешавад.
Дар доираи амалӣ гардондани Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 аз тарафи Ҷамъият соли гузашта корҳои беҳдошти замин дар майдони 1000 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳун оғоз ёфта, айни ҳол бобаром идома доранд. Аз ин ҳисоб, дар масоҳати 400 гектар замин, аллакай, корҳои ҳамворкунии талу теппаҳо ва дар онҳо насб намудани лӯлаҳои обгузар ба анҷом расидаанд. Дар назар аст, ки дар мавсими кишти баҳории соли оянда 1000 гектар замини нав бо усули қатрагӣ обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад.
Ба гуфтаи масъулони Ҷамъият, хоҷагии агросаноатии мазкур дар фаъолияти худ ба таври васеъ истифода намудани имкониятҳои техникаи кишоварзии пуриқтидор, ҷорӣ кардани усулҳои муосири агротехникӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатии минтақаро роҳандозӣ намуда, минбаъд ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар, коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзии худ ва содироти маҳсулоти тайёри коркарди саноатӣ ҳисса гузорад.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими киштукор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин мешавад.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ ҳамаи пешрафтҳои истеҳсолии Ҷамъиятро ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат марбут медонанд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо нашъунамои пахта масъулонро вазифадор кард, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бештар гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки деҳқонони навоҳии Ҷайҳун ва Панҷ ҳамасола аз аввалинҳо шуда, асосан, ҳосили картошка, пиёз, лимӯ ва гандумро ба харидорони дохилию хориҷӣ пешниҳод мекунанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"