Суханронии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин яке аз пуртаъсиртарин суханрониҳо буд ва дар он муҳимтарин масоили ҷомеа муҳокимаву баррасӣ гардид. Нуктаҳое, ки Пешвои миллат дар ин мулоқот баён доштанд, ҳеҷ як инсони боидроку огоҳро бетафовут гузошта наметавонанд. Ин буд, ки суханронии Сарвари давлат мавзуи гуфтугӯи хосу омми кишвар қарор гирифт. Масъалаҳое, ки дар мулоқот матраҳ шуданд, на танҳо ба мақомоту идораҳои давлатӣ, балки ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ рабт дорад. Махсусан, ҳушдори Сарвари давлат аз хатари хурофот, зиёдаравиҳо, ифротгароиву терроризм ба ҳар оила, ба ҳар шаҳрванди кишвар иртибот дошт, зеро муқовимат бо чунин зуҳуроти нангину номатлуб кори дастҷамъонаи ҳамаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаҳони имрӯз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар ҳар кишвари рушдёфта ва ҷомеаи мутамаддин ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Аммо амалӣ намудани ин ҳадафи олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро мароми худ эълон намуданд. Дар қонуни асосии кишвар ба таври возеҳ баён гардидааст, ки озодии шаҳрвандон дар мавриди муносибат ба дин кафолат дода мешавад. Бинобар ин, пеш аз ҳама бо сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия мамлакати мо дар самти таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ба гуфтаи Президенти мамлакат, имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона доранд.
Омори иттиҳодияҳои динии мавҷуда дар кишвар, махсусан, масҷидҳо бояд ҳамватанони моро ба андеша водор намояд. Сарвари давлат дар суханронии худ таъкид доштанд, ки дар даврони шуравӣ ҳамагӣ дар кишвари мо 34 масҷид расман сабти ном шуда буд. Имрӯз беш аз 4 ҳазор масҷид дар кишвари мо амал мекунад, ки талаботи эътиқодии шаҳрвандони кишварро қонеъ мегардонад. Новобаста ба ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба дину бовари мардум дар бунёди масҷидҳо низ саҳм мегузорад. Мисоли равшани ин, бунёд гардидани яке аз бузургтарин масҷидҳо дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки соли гузашта бо ҳузури Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, таассубу хурофот, тафриқаандозиву бегонапарастӣ, зиёдаравию ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Сабабу омилҳои густариши боварҳои хурофотиро дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим чунин маъниндод карданд:
– Сабабҳои паҳншавии зуҳуроти ифротгароиву терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа гуногунанд. Асоси ба хурофот ва хурофотпарастӣ рӯ овардани шаҳрвандон ҷаҳолат, тангназарӣ ва аз илм дур мондани онҳост. Барои аз вартаи хурофот ва зуҳуроти номатлуб берун кардани ҷомеа зарурати ҳарчи бештари таблиғи илму маърифат пеш меояд. Яъне, масҷидҳои кишвар ба танҳоӣ наметавонанд ин мушкилотро бартараф созанд. Дар ҳалли он бояд ҳамаи ҷомеа, балки ҳар як шаҳрванди кишвар эҳсоси масъулият дошта бошанд. Танҳо дар ҳолати дарки моҳияти зарурати муқовимати дастаҷамъӣ метавонем дар ин самт муваффақ гардем.
Воқеан, пайравӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ҷузъе аз хурофот буда, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Аз ин рӯ, месазад, ки дар якҷоягӣ бар зидди ин гуна равияҳои ҷанбаи динидошта мубориза барем, то тавонем миллати хешро солим ва поянда нигаҳ дорем, зеро сарчашмаи бедории ҷомеа ва солимии он ба бедории мафкура ва ақлу мантиқи ҳар як сокини мамлакат вобаста мебошад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”