Шояд хонандаи азиз бо мутолааи сарлавҳаи ин мақола тааҷҷуб кунад ва андешае ба хотираш бигзарад, ки имрӯзҳо ба такаллуф ва ба зӯр масъалаҳои мубрами рӯзро ба ҳар чизе рабт медиҳанд ва манбаъсозию марҷаъпардозӣ мекунанд. Аммо ҳақиқат баръакс аст ва масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳар давру замоне мавриди таваҷҷуҳи адибони дорои рисолати иҷтимоӣ ва инсонӣ будааст. Хусусан, масъалаи бархӯрдорӣ ва истифодаи оқилонаву басарфа аз неъматҳои моддӣ дар адабиёти мо решаи бисёр қадим дорад ва, бавижа, дар адабиёти даврони маорифи исломӣ ва ирфонӣ бисёр амиқ ва муфассал баррасӣ гардидааст.
Шайх Саъдӣ, шоире, ки ҳамеша суханаш мантиқист ва аз мавқеи эътидол “Дар боби қаноат” дар “Гулистон” мефармояд:
На чандон бихӯр, к-аз даҳонат барояд,
На чандон, ки аз заъф ҷонат барояд.
Ҷои дигар дар “Гулистон” бо истифода аз сувари хаёл ин маъниро ба таври муассиртар баён менамояд:
Аблаҳе, к-ӯ рӯзи равшан шамъи
кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ, к-аш ба шаб рӯған набошад
дар чароғ.
Шоири хуштабъе, ки номаш сабт нашудааст, дар мазаммати яке аз амалдорони зоҳиран исрофкори Бухорои Шарқӣ мегӯяд:
Муҳаммадамини шариатпаноҳ
Ду ҳарф аз каломи Худо гӯш кард:
“Кулу вашрабу”-ро ба хотир супурд,
“Ва ло тусрифу”-ро фаромӯш кард.
Ки дар ин қитъа шеър талмеҳест бар ояти 31 сураи Аъроф дар Қуръони маҷид, ки Худованд дар боби ҳифзи эътидол дар истифода аз неъматҳои моддӣ мефармояд: “Бихӯред (кулу) ва бинӯшед (вашрабу), вале исроф накунед (ва ло тусрифу)”.
Мавлоно дар “Маснавии маънавӣ” ба муҷазтарин сурат моҳияти ҳифзи эътидолу таносубро дар муносибат бо дороиҳо ва имконоти моддӣ шарҳи шоирона дода мефармояд:
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Лек андар зери киштӣ пуштӣ аст.
Киштӣ масале аз инсон аст ва об масале аз дороиҳои моддӣ. Яъне, агар молу дороӣ тобеи иродаи оқилонаи инсон бошад, мисли оби зери киштӣ аст, ки онро бар дӯш нишонда, ба соҳили мақсуд мерасонад, вале агар молу дороӣ (об) худ ҳадафи аслӣ қарор гирад ва дар вуҷуди инсон (киштӣ) тасарруф кунад, ночор ӯро ғарқу нобуд хоҳад кард.
Омӯзаҳои адабиёти ирфонӣ ва инсонӣ дар руҳу равони мардуми тоҷик нуфузи азиме доштааст ва мардуми мо ба эътирофи намояндагони миллатҳои дигар дар масъалаҳои парҳезгорӣ, қаноатмандӣ ва сабурӣ дар дунё камтар назир дорад. Бо вуҷуди он ки тоҷикон дар иқлимҳои зархезе зиндагӣ карда, дар парваришу тавлиди неъматҳои моддӣ бар дигарон ҳамеша пешдастӣ доштаанд, дар айни ҳол мардуме дар умум порсо ва эътидолгаро будаанд ва бо сарфи камтарин миқдор аз моддиёт зиндагии худро сомон бахшидаанд ва ба фазли ҳамин хислатҳо аз тангтарин марҳалаҳои таърих ҷон бадар бурдаанд.
Аммо мавридҳое низ дар ин масири аслии машраб ва фарҳанги маишӣ ба далели нуфузи хурофот ва таъсири фарҳангҳои бегона инҳироф ба вуҷуд омада, ки боиси бетартибӣ ва барҳам хӯрдани назму эътидоли зиндагии иҷтимоии онҳо гардидааст. Хусусан, дар поёни садаи 19 ва аввали садаи 20 дар Аморати Бухоро дар натиҷаи заъфи шадиди фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоии сулолаи амирони манғития, фасоди гӯшношуди молию моддӣ ва ахлоқӣ, буҳрони илму маънавият, ношоистасолорӣ, тамаъҷӯӣ ва ғайра, таърих гӯё вориди бунбасти ҳалокатфарҷоме гардида буд, ки равшанфикрон поёни фоҷиабори онро ҳадс мезаданд ва роҳи раҳоӣ аз онро ҷустуҷӯ мекарданд. Рисолаҳои равшанфикронаи Аҳмади Дониш бо пешниҳоди барномаҳои ислоҳотхоҳонаи сиёсӣ ва маданӣ ва осори пайравони маорифпарвари ӯ дар ин давра ҷараёнеро дар ҷиҳати берун рафтан аз ин бунбасти таърихӣ ба вуҷуд оварда буд. Аммо, аз як сӯ, тавтеаҳои қудратҳои ғосиб, ки барои тасхири ин сарзамин талош доштанд ва, аз тарафи дигар, таассуби кӯр, ки дар айни ҳол абзоре дар дасти қудратҳои ғосиб гардида буд, ин ҷараёни солимро саркӯб ва аз саҳна хориҷ намуд.
Аммо дар як муддати кӯтоҳи таърихие, ки ҷараёни равшанфикрӣ арзи вуҷуд кард, тавонист ба муҳимтарин масъалаҳои ислоҳоти ҷомеаи маданӣ дахолат намояд ва дар баъзе мавридҳо ҳадди ақал феҳрасти масъалаҳои мубрамеро, ки ниёз ба баррасӣ ва таҷдиди назар доранд, ба вуҷуд биёрад.
Яке аз зубдагони ин ҷараёни равшанфикрӣ устод Садриддин Айнӣ буд, ки агарчи минбаъд бо вуқуи Инқилоби Октябр дигар он ибтикори ислоҳотгариро ба таври мустақил бар уҳда надошт ва мебоист ба шарҳу баст ва тасдиқу таъйиди расму оинҳои нав машғул бошад, дар ҳар ҳоле дироят ва огоҳии ӯ аз зарурати пешрафти ҷомеаи маданӣ ҳосили ҳамин давра аст ва осоре, ки аз он замони фаъолиятҳои адабию равшангарии ӯ боқӣ мондааст, дар давраи навини рушди фарҳангу маданияти миллӣ аҳамияти тозае касб менамояд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаи сарфи оқилонаи вақт, дороиҳои моддӣ, интиқод аз маросимсозиҳои бардурӯғ ба хотири ришваситонӣ, ривоҷи хурофоти ҳазинасоз ва ғайра аз тамоми осори устод Айнӣ даҳҳо мисолро метавон зикр кард, ки баъзан то имрӯз аҳамияти худро ҳифз намудаанд ва дар таҳқиқоти пажӯҳишгарони осори устод Айнӣ дар хусуси онҳо сухан ба миён омадааст.
Он чи дар ин мухтасар ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш мегардад, зоҳиран аз ҷумлаи таълифоти дараҷаи аввали устод Айнӣ ба шумор намеояд ва бинобар ин, то кунун чандон мавриди таваҷҷуҳи айнишиносон қарор нагирифтааст. Дар назари аввал он як намунаи лутфи табъи устод мебошад ва ба ҳадафи маҳдуду хосе эҷод шудааст, аммо дар айни ҳол намоёнгари ҳузури бевоситаву фаъоли устод Айнӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоие мебошад, ки то имрӯз зеҳни ҷомеаи маданиро ба худ машғул доштааст ва ба масъалаи танзими маросим ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи мустақим дорад.
Манзур ягона қасидаи “мадҳия” и устод Садриддин Айнӣ (Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷ.8. Душанбе: Ирфон, 1981, с.136) “Кайвонии офоқ саросар бибимулло” мебошад, ки нақли он дар ин ҷо лозим дониста мешавад:
Кайвонии офоқ саросар бибимулло,
Сардори занону сари дафтар бибимулло.
Монданд ҳама гуфтаву фармони варо сар,
Гӯё ки занонрост паямбар бибимулло.
Таъзим кунандаш ҳама он навъ, ту гӯӣ
Бошад ба Бибимарям духтар бибимулло.
Кайвонию бурранда басе буд ҷаҳонро,
Таслим намуданд ҳама бар бибимулло.
Дар маъракае гар зани сад шаҳр шавад ҷамъ,
Хомӯш нишинанд, суханвар – бибимулло.
Занҳо чӣ, ки мардони сухандони ҷаҳонро
Дорад ба сухан гарангу музтар бибимулло.
Маъқул бигӯянд ба ҷону дилу дида
Ҳар кор, ки кардаст муқаррар бибимулло.
Дар чобукию зиракию қоидадонӣ
Овоза бароварда ба кишвар бибимулло.
Ҳар қоида з-он пеш, ки дар байни занон буд,
Кард аз сари нав тозаву хуштар бибимулло.
Анҷом ба як хона диҳад кори ҷаҳонро,
Гар омада истад ба таки дар бибимулло.
Ҳар мавриду ҳар маъракааш хуб гузаштаст,
Бо ҳар ки Худо карда муяссар бибимулло.
Дар як нафас аз ғайрату аз ақл намояд
Кори ду ҷаҳон тӯй баробар бибимулло.
Он ҷо дигар осудагию айш наёяд,
Гар рафт зи ҳар ҷой мукаддар бибимулло.
Дар маъракае танга ба хирвор шавад харҷ,
Як пул бувад он, хуш накунад гар бибимулло.
Гар бевазане тӯй кунад, халқ писандад,
Маъқулу писанд афтад агар бар бибимулло.
Бечораву бой аст яке дар назари ӯ,
Якранг ба қашшоқу тавонгар бибимулло.
Манзур накардаст пулу чизи ҷаҳонро
Бо ҳиммату қалтоқу қаландар бибимулло.
Дар хидматаш оранд басе латтаву кимхоб,
Бо хоки замин дида баробар бибимулло.
Мардум ба суроғаш ба дар аксар бинишинанд,
Лекин нашавад ёфта аксар бибимулло.
Ороста шуд дафтари фикрам зи мадеҳаш,
Азбаски маро буд чу модар бибимулло.
Айнӣ ба ҷаҳон шӯр фикандему навиштем
Ин шеъри шакартаъм чу андар бибимулло.
(Тавзеҳ: “Дорад ба сухан гарангу... Дар ин мисраъ калимаи “гарангу” аз вазн хориҷ аст. Шояд дар асл “мулзаму” бошад. Ҳамчунин, салоҳ он аст, ки “бибимулло” исми хос шинохта, бо сарҳарфи калон “Бибимулло” навишта шавад) .
Сипас, дар қисмати “Эзоҳот”-и ҷилди мазкури “Куллиёт” (с.482) таҳти рақами 282 дар шарҳи ин қасида ба қалами муаллиф омадааст: “Ин манзума, ки бо номи “Қасида” дар ДА 2, 66 68 дарҷ шудааст эзоҳи муфассале дорад: “Маълум аст, ки дар Бухоро расми валита ва тӯй дар ғояти душворӣ ва исрофкорӣ анҷом ёфтааст. Хусусан, тӯйи занона, ки агар хирвор-хирвор асбоб ҳам сарф карда шавад, ишон қаноат намекунанд. Ихтиёри тӯйи занона ҳамеша ба дасти кадбону (кайвонӣ)-и шаҳр аст, ки агар зарра аз фармони ҷаноби кайвонӣ такосул (сустӣ) фармуда шавад, тӯйро ба азо мубаддал намуда меравад. Маълум аст, ки ҳар қадар исроф бисёртар шавад, моҳасали (даромади) ҷаноби кайвонӣ ҳамон қадар бештар мешавад. Дар таърихи санаи 1324 ҳиҷрӣ яке аз аҳбоби (дӯстони) доӣ (устод Айнӣ), ки аҳволи моддиаш миёна буд, ду писари худро тӯйи хатна карданӣ шуд. Тӯйи мардонаро аз рӯйи имкон камисроф карда шуд, аммо мушкилии зиёд барои тӯйи занона рӯй дод. Чун осон кардани тӯйи занона ба ҳусни ихтиёри ҷаноби кайвонӣ буд, қасидаи зерро дар мадҳи кайвонӣ тасвид (навишта) намуда, тасҳили (осонсозии) тӯйи занона аз кайвонӣ илтимос карда шуд...””.
Хонандаи гиромӣ бидуни шарҳи дигаре, албатта, дарёфтааст, ки ин он чи ба ин қасида марбут мешавад, чӣ қадар ба вазъи имрӯзи ҷомеаи мо ҳам муносибат дорад. Интиқод ва безорӣ аз хазинаҳо ва хароҷоти барзиёд дар маросими гуногун ва дахолати бонуфузи ашхоси муғриз ва манфиатҷӯ дар ин маросим забонзади хосу ом аст, аммо гӯё ин як тилисме бошад, ки касе ба шикастани он ҷуръат намекунад. Зеро метарсад, ки ангуштнамои мардум ва ҳадафи маломат қарор мегирад. Барномаҳои давлатӣ дар ин замина ба ҷойи он ки ақаллан як баҳонаи хубе барои парҳез аз ин навъ исрофҳо қарор дода шаванд, аксаран ба он хилоф мешаванд ва бо пардохти ҷарима ё ришва аз иҷрои он сарфи назар менамоянд. Дар натиҷа чунин исрофҳо ҳам аз нигоҳи маънавӣ ва ҳам шаръӣ ду баробар нораво мегарданд. Зеро ҳам зотан худ исрофанд ва ҳам ба ночор, бо қалби норозӣ анҷом дода мешаванд, ки мутлақо хайре дар онҳо боқӣ намемонад.
Албатта, имрӯз дақиқан ба равиши устод Айнӣ ҳам (бо қасидасароӣ дар васфи кайвониҳо) наметавон, ин масъаларо ҳал кард, зеро гумон аст, ки кайвониҳои замони мо он гуна суханшинос ва тақдиркунандаи каломи бадеъ бошанд, аммо зиёиён ва равшанфикрон бо ҳамдастии фарҳангшиносон ва руҳониён метавонанд бо гузиниши беҳтарин ва маъқултарин унсурҳо аз маросимҳои миллии мардумӣ ва такмили маънавии онҳо барои ҳар яке аз маросимҳо барномаҳои намунавии муосире созанд ва пеш аз ҳама, худ бо ҳамон равиш онҳоро ба иҷро расонда, батадриҷ дар миёни мардум маъмул гардонанд.
Ҳамчунин, мақомоти маҳаллӣ бо шиносоии чунин афроди бонуфуз дар маросими мардумӣ метавонанд ба воситаи омӯзиш додан ва ба ҳамкорӣ ҷалб кардани онҳо дар беҳбуди иҷрои корҳои танзим саҳм бигиранд.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
Шоири халқии Тоҷикистон