Маҷмуаи шеърҳои «Қаламрави меҳр»-и Рустам Ваҳҳобзода дорои ашъорест, ки шоир аз оғози фаъолияти эҷодӣ то ба имрӯз ба хонандагон пешкаш кардааст. Шоир дар ҳамаи анвои ҷинси ғиноӣ, аз қабили маснавӣ, қасида, мусаммат, ғазалиёт, соқинома, сурудҳо, шеърҳои кӯтоҳ, рубоӣ, дубайтӣ, муфрадот ва шеъри нав, табъозмоӣ карда, афкору орои худро ба таври гуногун баён намудааст. Муҳтавои маҷмуа аз нигоҳи мавзуъ хеле ғанӣ буда, дар он васфу ситоиши арзишҳои умумибашарӣ, ситоиши Ватан ва арзишҳои гуногуни миллӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ, шикоят аз баъзе падидаҳои номатлуби ҷомеа ва афроди нохудогоҳ, даъват ба якдилию иттиҳоди миллӣ, мақому маназалати инсон дар ҷомеа ва амсоли ин дарҷ гардидааст.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии ашъор васфи Ватан ва Тоҷикистон аст, аз ҷумла, «Савганд ба Ватан», «Рӯзи Артиши миллӣ», «Қасам», «Марзи номоварон», «Гимни марзбон», «Сипеҳри тамад-дун», «Суруди Иттиҳод», «Озарафшони сада», «Суруди Ориён», «Ошёни меҳр», «Эҳёи дигар», «Парчами тоҷикон», «Матои меҳр» ва ғайра. Матни сурудҳои шоир ҳама дорои мазмуни баланди иҷтимоӣ ва сиёсию таърихиянд, ки гоҳ дар шакли арузи нав ва гоҳи дигар дар қолабҳои суннатӣ бо як шеваи муассир баён гардидаанд:
Қасам ба номи халқ,
Қасам ба нони халқ,
Қасам ба қалби меҳрубони халқ,
Ба чеҳраҳои шоди кӯдакони Меҳанам,
Ки чеҳраи муҳаббату садоқат аст,
Дуои модарони ин Ватан,
Ки ояти саодат аст…
Пораи иқтибосшуда аз сурудест, ки «Қасам» унвон дошта, сурати манзуми савганди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва шиори Пешвои муаззами миллат «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро, ки имрӯз вирди забони ҳамагон аст.
Ба даст парчами баланди Ковиён,
Ба пеш!
Ба сӯйи бахти хеш,
сӯй ормон
Ба пеш!
Ба сӯйи рушду пешрафти ҷовидон
Ба пеш!
Ба пеш!
Миллати бузургу қаҳрамон,
Ба пеш!
Тоҷикистон, ба пеш!
Шеърҳои «Паём», «Сипос», «Сафар», «Дидор», «Наҷво», «Ниёиш», ки дар қисмати «Достони Лозуркӯҳ»-и маҷмуа ҷой дода шудаанд, мавзуи муҳити зист ва обшавии пиряхҳо ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Ба ақидаи шоир имрӯз башар дар рӯёрӯй бо ду хатари бузург қарор дорад, ки яке табиист ва дигаре маънавӣ. Табиӣ он аст, ки бо номи «гармои ҷаҳонӣ» аз чандин сол қабл шинохта шудааст ва атрофи он ҳангомаҳо барпост, вале зоҳиран аз он наметавон пешгирӣ кард. Маънавӣ он аст, ки башар дар сабқати пешдастӣ бар якдигар даст ба исрофоте моддию маънавӣ мезанад, ки ин равандро суръат мебахшад ва ҳеҷ ҳозир нест, аз ин сабқатҳои ҷунуномез даст бикашад:
Оҳехта теғи мавҷ уқёнус,
Бар соҳили амн мезанад шабхун.
Гӯё зи хатои одамӣ кайҳон
Гардан бикашад зи чанбари қонун.
Антарктида – Қитъаи Лозур,
Метаркад аз фишори хуни хеш.
Аз оташи нафс беша месӯзад -
Дунёхор аз таби ҷунуни хеш…
Дар ин миён «лозур» (пиряхҳо) рамзи захираҳои оби ҳаёти сайёра ҳастанд, ки бо исроф ба нобудӣ кашонда мешаванд. Шабеҳи лозурҳои дерсол бар қуллаҳои осмонбӯси кӯҳистон ҳамчунон захираҳои маънавӣ ва арзишҳои суннатии башарӣ ва миллӣ ҳастанд, ки бо муҳофизакорӣ дар лифофаи урфу одатҳо ва анъанаҳои неки суннатии мардумӣ нигоҳ дошта шудаанд:
Аз банд раҳо шудаст деви Нафс,
Биншаста ба зини аждари Исроф.
Метозад дар ҷаҳону мебалъад,
Ақлу хираду адолату инсоф.
Ба ақидаи шоир табиат ва одамият – ҳар ду дар як хатти буҳрон қарор гирифтаанд. Нобудии яке нобудии дигар ва наҷоти яке наҷоти дигарест. Исроф бемории маргбори қарни охир шудааст ва танзими сарфи дороиҳо ягона танзими бақои оламу одам.
Дар равияи нақди равоншиносӣ Зигмунд Фрейд ва пайравонаш низ шеърро маҳсули ҳолати нохудогоҳӣ меномиданд. Аммо ин назария дар шеъри ҳазорсолаи мо сидқ намекунад, зеро ҳамаи суханшиносони гузаштаи мо барои шоир доштани донишҳои мушаххасро ҳатмӣ медонистанд. Рустам Ваҳҳобзода дар мисоли ашъори ноби худ ин қазияро дар амал татбиқ намудааст. Доманаи васеи олами маънӣ дар баъзе шеърҳои ӯ шеваи итнобро (аз кардани сухан, татвили калом) падид овардаанд, ки шоҳиди ҷаҳони ғании маънавии ӯянд. Худи шоир дар ғазале, ба татабуи Бедили Деҳлавӣ сурудааст, ҷое ишорат кардааст:
Умрам ба гуфтани сухани худ намерасад,
Ҳарфе зи дигарон ба тасарруф нагуфтаам.
Дар остони қофия гарчи нишастааст,
Ин шеъри содаро ба такаллуф нагуфтаам.
Дар баробари шеваи итноб, ки бештар хоси ашъори иҷтимоии Рустам Ваҳҳобзодаанд, табъозмоӣ кардани сабки иҷоз муъҷазбаёнӣ низ аз фазилатҳои дигари суханварии шоир мебошад. Дар маҷмуаи «Қаламрави меҳр» аз дафтари «Ҳазор байт»-и шоир як миқдор шоҳбайтҳо ҷой дода шудаанд, ки маҳорати олии суханварии ӯро дар ин шеваи баён ошкор сохтаанд. Эҷоди шоҳбайт аз суханвар фазилати хоси эҷодиро талаб менамояд. Бо лафзи андак баён кардани маънии зиёд хоси шоҳбайт мебошад. Худи шоир дар байте ин нуктаро таъкид кардааст:
Шоҳ бояд буд дар иқлими шеър,
То ҳама байти ту бошад шоҳбайт.
Шоҳбайтҳои шоир мавзуъҳои гуногунро фаро гирифтаанд, вале бештари онҳо мушкилот ва масоили иҷтимоиро ошкор сохтаанд.
Хулоса, Рустам Ваҳҳобзода чун шоири мумтоз бо фазилатҳои зиёди суханварии худ дар қаламрави шеъри навини тоҷик мақоми хоссаро соҳиб гаштааст.
Маҷмуаи ашъори «Қаламрави меҳр»-и ӯ, ки аз ҷониби раёсати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод гардидааст, бешак, сазовори дарёфти ин Ҷоизаи муътабари адабӣ мебошад.
Боймурод ШАРИФЗОДА, адабиётшинос