ДАСТИ ГУЛ
Бо назардошти ин ки тибқи маълумоти СММ, дар 30 соли охир 129 миллион гектар ҷангал абадан нест шудааст, як ҷуфти ҳамсарон аз Бразилия – Себастян ва Лелия Салгадо тасмим гирифтанд, нишон диҳанд, ки одамон, агар кӯшиш кунанд, қодиранд табиатро ба ҷалоли пешинаи худ баргардонанд.
Себастян аксбардори маъруф аст. Соли 1994 аз Африқои Шарқӣ ба хона баргашт. Орзу дошт, ки дар ҷангалҳои сабзи зодгоҳаш осоиш пайдо кунад. Вале дид, ки дар давоми чанд соли набудани ӯ минтақаи сабзу сералаф ба биёбон табдил ёфтааст. Ноумед шуд.
Ҳамсараш Лелия лоиҳаи қариб ғайривоқеиро пешниҳод кард. Тибқи ин лоиҳа барои барқарор намудани майдони 710 гектар 24 нафарро ба кор ҷалб намуданд.
Ҳамин тариқ, беш аз даҳ сол бо роҳбарии ғамхоронаи ин ҷуфт зиёда аз 4 миллион бех ниҳоли 293 намуди дарахт шинонда, 710 гектар ҷангали тропикӣ барқарор карда шуд. Заминҳои хушку холӣ ба ҳолати аслии худ баргаштанд. Бо барқарор кардани ҷангал экосистема барқарор гардид, микроклимати тропикӣ аз нав зинда шуд. Миқдори борон зиёд гашта, дарёҳо сероб шуданд. 172 намуди паранда, 33 намуди ҳайвоноти ширхӯр, 15 намуди хазанда ва ҳамон миқдор намуди амфибияҳо ба экосистемаи нав баргаштанд. Азми ҷуфти Салгадо нишон дод, ки иқдомҳои хурд метавонанд самараи калон бахшанд. Ҳар як одами сайёраи мо қодир аст, дар муҳофизати табиат саҳм гузорад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ЧАК ФИНИ. "КАМБАҒАЛ"-И ДОРО
Чак Финии амрикоӣ соҳиби сарват дар ҳаҷми 7,5 миллиард доллари ИМА буд. Аммо, бо ҳамаи ин дороӣ бехона буд ва иҷора гирифтани манзилро афзалтар медонист. Дар тайёра дар эконом-класс парвоз мекард. Мошини шахсӣ ҳам, надошт.
Аз нигоҳи аввал метавон ӯро шахси хасис номид, вале чи мегӯед, ки тули 30 соли охир вай бо мақсади хайр зиёда аз 6 миллиард доллар сарф намудааст. Ин пулҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, нигоҳдории хонаҳои пиронсолон дар ИМА, Ветнам, Австралия, Африқои Ҷанубӣ, Ирландия ва ҷазираҳои Бермуд масраф шудаанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ОЛИМОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
То соли 2069 зиндагии одамон ба таври ҳайратовар тағйир меёбад. Он замон роҳҳои зериобӣ мӯд гардида, бархеҳо рухсатии меҳнатии худро дар кайҳон хоҳанд гузаронд. Рафтан ба беморхонаҳо ҳам ҳатмӣ намегардад. Вазъи саломатии моро имплантатҳои махсус назорат намуда, пас аз ташхис рафти табобатро муайян хоҳанд сохт.
Ин ҳама афсона нест. Агентии иттилоотии «Дейли майл» бо истинод ба тадқиқоти охирини олимон ба чунин хулоса омадааст, ки дар оянда барои рафъи мушкилоти тамбашавӣ дар роҳҳо таксӣ ва автобусҳои ҳавоӣ расм хоҳанд шуд. Масирҳои нисбатан тулониро ракетаҳои махсуси мусофиркаш наздик менамоянд. Барои мисол, яке аз ракетаҳои тарҳрезишаванда масофаи аз Ню-Йорк то Лондонро муддати 30 дақиқа тай хоҳад намуд.
Тавре мегӯянд: «Вақт довари ҳақ аст». Пас, интизор мешавем.
Таҳияи Кароматулло АТО
МАҚОЛА ДАР ДУ СОНИЯ
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин робот-журналист ихтироъ карданд, ки доир ба ҷашни мардумӣ дар Гуанчжоу мақола навишт. Дар ин бора “Росбалт” хабар додааст.
Барои иншои матн бо истифода аз 300 иероглиф робот ҳамагӣ ду сония сарф намуд. Онро олимони Донишгоҳи давлатии Пекин офарида, Сяо-Нан ном гузоштанд. Мақолаи Сяо дар рӯзномаи маҳаллии “Southern Metropolis Daily” нашр шуд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, робот алҳол мусоҳиба гузаронда наметавонад, зеро ба киноя ё истеҳзо сарфаҳм намеравад, инчунин, қобили ба фикри мусоҳиб баҳо доданро надорад.
Аз ин рӯ, сухан аз хавфи бо роботҳо пурра иваз кардани журналистон намеравад. Бо вуҷуди ин, дар оянда робот метавонад ёвари бебадали кормандони ВАО гардад.
Таҳияи Кароматулло АТО
МУВАФФАҚИЯТ
ЧИН
Чаро хазина дар ихтиёри зан аст?
Дар Чин оилаи домод пеш аз хонадоршавӣ ба волидони арӯс тақрибан 4 миллион юан пардохт мекунад ва хона низ мехарад. Ҳамчунин, шавҳарон тамоми пули худро ба занҳояшон медиҳанд, ҳатто агар дар оила танҳо шавҳар кор кунад, ӯ бояд ин амалро бе пурсиши дар куҷо сарф шудани маблағ иҷро намояд.
Ин бо он сабаб аст, ки дар Чин ба ҳар 4 писар як духтар рост меояд ва ҳанӯз аз хурдсолӣ (дар боғчаи бачагон) ба рушди ҳамаҷонибаи духтарон диққати ҷиддӣ медиҳанд, ба онҳо ғамхорӣ мекунанд ва мустақилона буданро меомӯзонанд. Аз ин рӯ, номзадҳо барои домод низ, хеле бодиққат интихоб карда мешаванд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АЗ УМЕД ТО НОУМЕДӢ
Адам Элдерсон аз камтарин нафарон дар дунёст, ки аз нуҳ узви организмаш маҳрум шуда бошад ҳам, умеди зиндагиро аз даст надодааст.
Вақте 35 сол дошт, табибон дар ӯ намуди нодири саратонро ошкор карданд, ки ҳуҷайраҳои он ҳама узвҳои пардаи шикамро печонда буданд. Духтурон ҷуръати гузарондани ҷарроҳиро накарданд. Аммо, Элдерсон бо иродаи қавӣ ҷарроҳи бритонӣ Брендон Моранро пайдо кард. Моран тобистони соли 2015 Адамро, ки аҳволаш ниҳоят бад шуда буд, ҷарроҳӣ намуд. Амалро, ки бо роҳбарии ӯ 17 соат давом ёфт, 30 мутахассис гузаронданд. Дар натиҷа, нуҳ узви олудаи саратон – меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, ғадуди зери меъда, сипурз, талхадон, кӯррӯда, қисми зиёди ҷигар ва девори сари синаро гирифта, ба ҷои аксари онҳо узвҳои донорҳоро гузоштанд.
То имрӯз Адам худро хуб эҳсос намуда, ба зиндагии оянда умед дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ПЕШНИҲОДИ ҒАЙРИОДИИ ЧАПЛИН БАРОИ ИЗДИВОҶ
Вақте Чарли Чаплин тасмим гирифт, то ба Уна, ки аз ӯ 35 сол ҷавонтар буд, пешниҳоди издивоҷ кунад, бо як меҳрубоние гуфт: «Ба ман ба шавҳар баро, то ба ту чи гуна зиндагӣ карданро омӯзаму ту ба ман мурданро».
Хонум ҷавоби оқилонае дод: «Не, Чарли, ман пешниҳоди туро қабул мекунам, то ки ту маро калонтар шуданро омӯзиву ман ба ту чӣ гуна ҷавон монданро».
Онҳо соҳиби 8 фарзанд буданду бо ҳам 34 сол зиндагӣ карданд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДУ ТАҚСИМ
Аз толори суд.
Прокурор:
– Айбдоршаванда, шумо тасдиқ мекунед, ки дар ҳақиқат пора гирифтед?
– Бале.
– Маблағро куҷо кардед?
– Ду тақсим намудам.
– Чӣ хел тақсим?
– Ҳамин хел, рафиқ прокурор. Нимашро ба судя додам, ними дигарашро ба адвокат. Дар суратҳисобам як пули пучак ҳам намонд.
– Рафиқон, ғайр аз судяву адвокат барои ҳама то соати 16 танаффус.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲАҚҚИ ОДАМИ СЕЮМ
Аз суҳбати директори ширкати суғуртавӣ бо корафтода:
– Дӯстам, моликияти шумо ҳамагӣ 50 000 доллар арзиш дорад, чаро ба корманди мо фишор оварда, 110 000 доллар маблағи суғурта талаб мекунед?
– Мебахшеду 50 000 дигарашро адвокат барои ғалаба дар суд илова кардааст.
– Хайр, ана сад ҳазор. 10 000 доллари дигараш ҳаққи кӣ будааст?
– Ҳаққи «киллер», рафиқ сардор. Мабодо адвокат судро бой диҳад, хизмати одами сеюм даркор мешавад!
Аз русӣ тарҷимаи
Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
АЛЛОМАИ ДУХОН
Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки Антон Павлович Чеховро аксарият аз аҳли адаб мешиносанд. Дастикам медонанд, ки ба шарофати ҳикояҳои мондагораш «классики адабиёти ҷаҳонӣ» эътироф шудаву осораш бо беш аз сад забони дунё тарҷума гардидаанд. Вале кам касоне медонанд, ки Чехов дар мактаби миёна, ба қавле, «дарди сар»-и муаллимонаш будааст. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки аллома Чехов аз нодонӣ ду бор дар синфаш мондааст: бори аввал дар синфи 3-юм барои баҳои «2» аз фанҳои арифметикаву география ва бори дуюм дар синфи панҷ барои надонистани забони юнонӣ. Аҷоибтар аз ин ҳам он аст, ки Антон Чехов забон ва адабиёти русро дар мактаб бо баҳои «се» ҷамъбаст кардааст.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ҲАВЗИ DEVIL'S, ЗАМБИЯ
Ин ҳавзи аҷиби табиӣ дар канори шаршараи Виктория дар Замбия ҷойгир аст. Бисёриҳо ҷони худро зери хатар гузошта, ба он ғӯта мезананд, то кайфияти оби Замбезиро дар вуҷуди худ эҳсос кунанд. Онҳое, ки аксбардориро дӯст медоранд, бештар дар хатаранд, чун кӯшиш мекунанд, зеботарин нуқтаҳоро, ки расидан ба онҳо хеле душвор аст, аккосӣ намоянд. Дар ин масир мавҷудияти тимсоҳ ва баҳмутҳо тарсро бештар меафзояд. Агар онҳо худро нороҳат ҳис кунанд, хеле хашмгин мешаванд. Бо вуҷуди ин, бояд эътироф намуд, таассуроте, ки аз ин ҷо бардошта мешавад, беназир аст. Махсусан, рангинкамоне, ки аз болои он мебарояд, як умр дар хотир мемонад.
Таҳияи ЛОЛА РИЗОӢ
ДАР ҲАР ҲОЛАТ ШОКИР БОШ
Марде ду духтар дошт. Якеро ба деҳқон ва дигареро ба кӯзагар хонадор кард.
Пас аз як сол ба дидори духтаронаш рафт.
Духтари аввалӣ падарро бо шодиву сурур истиқбол кард. Падар аҳвол пурсид, духтар гуфт: “Шавҳарам заминеро ба иҷора гирифтаасту маблағе қарз карда, тухмӣ харида, коштааст. Агар борон биборад, ҳоли мо ба хайр аст, агар наборад, мусибат хоҳад буд”.
Падар ба хонаи духтари хурдӣ рафт. Ӯ низ падарро ба шодиву фараҳ пешвоз гирифт, баъди меҳмондорӣ ҳамдигарро ҳолпурсӣ карданд. Духтар гуфт: “Шавҳарам маблағе қарз карда, хок харида, зарфу кӯзаҳо сохтаасту дар саҳро зери Офтоб гузошта аст, то хушк шавад. Агар борон наборад, ҳоламон хуб аст ва агар биборад, ҳама заҳмату маблағамон барбод меравад”.
Падар ба хона баргашт ва ҳамсараш аз ҳоли духтаронаш пурсид. Мард гуфт: “Агар борон борад ё наборад ҳам, Худоро шукр бигӯ”.
Ҳикмат:
Чизе, ҳолате, вазъе, ки ба ту муносиб нест, шояд барои дигаре басо зарурӣ асту онро мехоҳад. Барои ҳамин, бар ҳар ҳолате шокир бош, то ризои Ҳақ ба даст орӣ.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
2024 - СОЛИ ОЛИМПӢ
ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ – АВВАЛИН ИШТИРОКЧИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ АЗ ТОҶИКИСТОН
Аморати Бухоро ва баъдан Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои аввал бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар Бозиҳои олимпӣ ширкат накарданд. Соли 1951 Кумитаи олимпии ИҶШС таъсис ва аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф гардида, варзишгарони ИҶШС соли 1952 имкони иштирок дар Олимпиадаро пайдо намуданд.
Барои варзишгарони миллатҳои гуногуни ИҶШС иштирок дар бозиҳои олимпӣ хеле душвор буд.
Бо вуҷуди ин, варзишгарони Тоҷикистон заҳмат мекашиданд ва ба мусобиқаҳо омодагӣ медиданд. Ҳамин тариқ, соли 1960 дар Бозиҳои олимпии Рим (Италия) фарзанди тоҷик, варзишгар ва табиб Иброҳим Ҳасанов ширкат кард. Ӯ дар намуди қайиқронӣ (байдаркаи якнафарӣ) дар масофаи 1000 метр ҷойи чорумро ишғол намуд. Иброҳим Ҳасанов баъд аз 4 сол (1964) дар Бозиҳои олимпии Токио низ ширкат кард ва ин бор дар байдаркаи дунафарӣ ҷойи 7-умро сазовор гашт.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ТУХМ АНДАРУНИ ТУХМ
Зани амрикоие тухмро шикаста, бо дидани даруни он дар ҳайрат монд, - хабар додааст нашрияи “Тengrinews.kz”.
Яке аз мурғон тухми калоне гузошт. Зан тухмро барои пухтан шикаста, дар даруни он ба ғайр аз зардӣ боз як тухми бутунро дид. Видеоролики ин воқеаи нодир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шуд.
Одатан ҳодисаи тухм андаруни тухм хеле кам вомехӯрад. Мувофиқи тахминҳо, ба пайдо шудани чунин тухмҳо сахт тарсидани мурғ ва дар ҳолати шок қарор доштанаш сабаб шуда метавонад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
«ҲАНГОМИ ХОНА РАФТАН ШУД»
Дар Ҷопон ҳолатҳои аз меъёр зиёд кор кардани кормандонро дронҳо назорат мекунанд. Онҳоро ширкати ҷопонии “Taisei” барои назорати фаъолияти ходимони идоранишин сохтааст. Дрон пас аз анҷоми вақти корӣ назди корманд омада, бо мазмуни «ҳангоми хона рафтан шуд» суруд мехонад.
Дрон соли 2018 ба фурӯш баромад. Он “T-Frend” ном дошта, бо камера ва системаи мухтори навигатсионӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳамчунин, дрон кормандонро аз маҳкам шудани коргоҳ ва баста шудани дарҳо огоҳ месозад.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
ЧАНД ДАЛЕЛИ АҶИБ ДАР БОРАИ ЧӮТКАИ ДАНДОНШӮӢ
1. Дар кишварҳои қадим, аз қабили Ҳиндустон, Империяи Рум ва Юнон, барои гигиенаи даҳон чӯбҳои нӯгашон фарсуда истифода мешуданд, ки имкон медод, хӯрок аз байни дандонҳо тоза карда шавад.
2. Мисриён ҳанӯз дар ҳазораи III пеш аз милод барои тоза намудани дандонҳо аз барг ва чӯб истифода мебурданд.
3. Аввалин чӯткаи дандоншӯӣ бо бӯйҳои нейлонӣ соли 1938 истеҳсол шуд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЯК ОДАТИ АҶИБИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Вақте касе дар назди ӯ нафареро ахмақ ва ё бадрӯй мегуфт, ӯ пурсишро бо чунин тарз оғоз мекард: «Ахмақтар аз ту аст?» ва ё «Бадрӯйтар аз ту аст?». Ҳамин назарияи таълимро дар фарзандҳояш ба кор мебурд. Вақте духтари Толстой назди падараш омада, ба ёд меорад, ки саҳар писареро бо чеҳраи бадрӯй дида буд, Лев Николаевич Толстой дақиқ мекунад: «Чӣ, бадрӯйтар аз ту буд?».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ҚАСРИ ЯХИН
Қасри яхин яке аз қадимтарин ва тамошобобтарин қаторкӯҳҳои Дахштайни Австрия ба шумор меравад. Роҳи баромад ба ин қаср бо буришҳои аҷибу ғайриодӣ бунёд шудааст. Дар баландии қулла қасри яхин ва майдони тамошо ҷойгир мебошад. Он бо яхпора пӯшонда шуда, қасрро боз ҳам зебо ва ҷолиб менамояд. Ҳарчанд роҳи баромад ба қулла хеле хатарнок аст, мардум ба майдон баромадану аз он ҷо атрофро тамошо карданро дӯст медоранд.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ”
ПИРЯХИ ХАББАРД
Пиряхи Хаббард як пиряхи азимест, ки дар ду кишвар воқеъ гардидааст. Он аз Боғи миллии Вранҷелл-Сент Элиас ва мамнуъгоҳ дар шарқи Аляскаи ИМА сарчашма мегирад ва дар Боғи миллии Клюен ва Макон дар қаламрави Юкони Канада ба охир мерасад.
Ин яке аз ҳаҷми калони яхест, ки ташаккулаш дар тули зиёда аз 100 сол ба қайд гирифта шудааст. Синну соли ях дар доманаи пирях на камтар аз 400 сол буда, худи пирях зиёда аз 200 сол зинда аст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
СУХАНИ КӮТОҲ
Зиндагӣ ба амвоҷи дарё монанд аст, ки чизе ба соҳил меорад ва чизи дигаре мешӯяд. Чун ба саркашӣ афтод, анбуҳи сангрезаҳоро ба худ мебарад, аммо тавони инро низ дорад, ки тахтапораеро ба соҳил оварад, то касе боми кулбаашро бо он пӯшонад.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
БАРБАТ
Барбат сози қадимаи тории зах-мавии мусиқӣ буда, аз ихтирооти мардуми эронинажод аст. Барбат, аслан калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ду мафҳум- «бар» (ба маънои сина, паҳлу) ва «бат» (мурғобӣ) таркиб ёфтааст. Косаи барбат бар тақлиди синаи мурғобӣ (дастааш кӯтоҳ) сохта шудааст. Аввал чунин шакли барбат маъмул буда, дар аҳди Хилофати араб онро барбати шабутӣ (дастакӯтоҳ) меномиданд.
Бино ба тавсифи Асадии Тӯсӣ («Луғати фурс»), ин соз назди аъроб бо номҳои «Ал-барбат» ва «Ал-уд» машҳур будааст. Барбат асрҳои 12-13 ба Европа интиқол ёфта, дар дастаҳои ҳунарӣ истифода шудааст. Ин соз ҳоло аҳёнан истифода мегардад.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ