Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” зери унвони “Душанбе шаҳри ҳушманд" ба кори худ оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва доираи васеи омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникиву технологии муассисаҳои инноватсиониву технологӣ, илмиву таълимӣ ва ширкатҳои бахши ІТ баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ 48 идораву ташкилот зиёда аз 200 номгӯйи лоиҳаву маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Маросими бошукӯҳро муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки чорабинӣ бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.
Тавре масъулон мегӯянд, ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи хонандагону омӯзгорон ва ҳаводорони сершумори технологияҳои иттилоотиро ҷалб менамояд ва ба раванди ихтироъкориву навоварӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ таъсири амиқ мерасонад.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ДУШАНБЕ. МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲО ТАНТАНА ДОШТ
Дар Литсейи № 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист”, “Ахтаракони ҳисобдон” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, озмунҳо бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ташкили фазои ягонаи таълим барои муайян кардани кӯдакони синни томактабии дорои зеҳни баланд дар доираи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсилоти умумӣ ва ташаккули малакаҳои таълим дар кӯдакон ҷиҳати азхудкунии барномаҳои фаннии зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди истеъдоди онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён, қадрдонӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа баргузор карда шуд.
Довталабон – ғолибони даври ноҳиявӣ моҳҳои апрел ва май дар гурӯҳҳои алоҳида донишу маҳорати худро нишон доданд.
Ҳамин тариқ, дар маросими тантанавии ҳавасмандгардонӣ 57 нафар ғолиби даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист”, “Ахтаракони ҳисобдон” ва мураббиёни онҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин, 10 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе, ки дар ҷамъбасти радабандии даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ муайян шуданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба масъулону ҳайати ҳакамон барои саҳмгузорӣ дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмунҳо бо сипосномаи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадр карда шуданд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»