ВЕДОМОСТИ. Владимир Путин, Президенти Русия ва Шавкат Мирзиёев, Роҳбари Ӯзбекистон, оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, самтҳои ҳамкориҳои Русия ва Ӯзбекистонро мушаххас карданд.
Сарварони давлатҳо сатҳи баланди равобити байнипарлумониро таъкид намуда, ба ҳамоҳангӣ дар соҳаи таъмини қонунгузории ислоҳот баҳои баланд доданд. Зимнан, зикр мегардад, ки мавқеъҳои Русия ва Ӯзбекистон дар доираи васеи мавзуъҳои байналмилалӣ, аз ҷумла таҳкими амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, наздиканд. Сарварони давлатҳо гуфтанд, ки ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи инсон ва ҷиноятҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд. Илова бар ин, Русия ва Ӯзбекистон аз таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Дар поёни музокирот Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев ба баёнияи муштарак имзо гузоштанд.
Хадамоти шиноснома ва раводиди Русия дар Тоҷикистон боз мешавад
Sputnik.tj. Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия ифтитоҳ мегардад.
Ин иқдом дар пайи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Русия гирифта шудааст.
Тавре аз Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, маросими ифтитоҳи намояндагӣ 28-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони масъули ҷониби Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев баргузор хоҳад шуд. “Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой, сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова ва директори генералии КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Русия Олег Молодиевский низ ширкат хоҳанд кард”, – гуфт манбаъ.
Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ механизми ҳамкориро дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулода эҷод мекунанд
Синхуа. Ван Манда, сардори департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни нишасти хабарӣ дар Пекин иттилоъ дод, ки Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ёддошти ҳусни тафоҳумро барои таъсиси механизми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода имзо хоҳанд кард. Тавре ӯ тавзеҳ дод, имзои ёддошти тафоҳум дар мулоқоти вазирони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, ки 30-юми май дар шаҳри Урумчи баргузор мешавад, дар назар аст.
Ван Манда гуфт, ки ҳам Чин ва ҳам панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, дар хавфи баланди офатҳои табиӣ - заминларза, обхезӣ, сӯхторҳои ҷангал, қарор доранд. Дар нишасти дарпешистода ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳо, аз қабили пешгирӣ, коҳиш додани хисорот ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, назорати бехатарии саноатӣ ва амалиёти ҳамаҷонибаи наҷотдиҳии изтирорӣ баррасӣ шуда, ҳамчунин, барои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ пешниҳодҳои нав ба миён гузошта мешаванд.
Дабири кулли СММ ҳамлаи Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард
Мир 24. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамлаи Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Шаби 27-уми май дастикам ҳашт мушак ба лагери хаймаи гурезагон зада шуд. Дар натиҷа, на камтар аз 40 нафар, аксар занону кӯдакон, ба ҳалокат расид.
«Ман амалҳои Исроилро, ки боиси марги шумораи зиёди ғайринизомиёни бегуноҳ гардид, маҳкум мекунам. Ин даҳшат бояд қатъ шавад”, – навиштааст Гутерриш дар блоги худ. Ӯ афзуд, ки дар Ғазза ягон ҷои амн боқӣ намондааст.
Ҳамчунин, Марк Рютте, Сарвазири Нидерланд, аз Исроил хост, ки ба таври оҷил талаботи Додгоҳи байналмилалии СММ-ро иҷро кунад ва амалиёти низомиро дар шаҳри Рафаҳ қатъ намояд.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (CA). Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган гуфт, ки зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омадааст, зеро Конститутсияи кунунӣ "эътимод ба сиёсатро коҳиш медиҳад" ва "намегузорад, ки ба пеш ҳаракат кунем".
Синхуа. Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян аз Ҷумҳурии Корея даъват намуд, ки бо ҷониби Чин барои дарки самти умумии дӯстӣ ва эътимоди ҳамдигарии байни ду кишвар, эҳтиром ба манфиатҳои аслӣ ва нигарониҳои асосии ҳамдигар ҳамкорӣ кунад.
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро, ки бо сафари расмӣ дар Остона қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика ва нақлиёту логистикаро баррасӣ намуданд. Қосим-Жомарт Токаев аз вазъи кунунии равобити Қазоқистону Туркманистон изҳори қаноатмандӣ кард.
RT. Зиёда аз 110 миллион нафар дар ИМА ба далели бад шудани шароити боду ҳаво дар зери хатар қарор доранд ва теъдоди қурбониёни тундбод ва гирдбодҳо ба 22 нафар расидааст. Гуфта мешавад, ки 30 миллион нафар метавонад дар шимолу шарқи кишвар ба таҳдиди тӯфон рӯ ба рӯ шавад. Дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Вашингтон, Балтимор ва Филаделфия, ҳоло ҳам таҳдиди гирдбод вуҷуд дорад.