Ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, таҳти унвони «Саҳми занон – кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муқобили бегонапарастӣ ва дигар қонуншиканиҳо» семинари илмӣ-машваратӣ доир гашт.
Муовини сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Даврон Муҳиддинзода ҳадафи семинарро шарҳ дода, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали ба даст овардани истиқлол бо қабули Конститутсияи муосир бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида, ҷомеаи худогоҳ ва соҳибихтиёрро тарбия намуда, дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот, истиқлолу озодӣ саҳми муносиб гузошт. Бо гузашти беш аз 32 соли соҳибистиқлолии Ватан, дар фазои орому ҳаёти осуда ҳастанд афроде, ки бо роҳи пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгаро мехоҳанд амнияти миллату давлатро халалдор созанд. Рӯ овардан ба фарҳанги бегона, истифодаи сатру ҳиҷоб, хурофотпарастӣ ва зоҳир намудани амалҳои носолим аз амалҳоест, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум мекунад. Дар иртибот ба ин масъала, мебояд дар ҳамбастагӣ зидди ҳама гуна амалу кирдорҳои халалдоркунандаи оромиву суботи ҷомеа дар мубориза бошем.
Ҳамчунин, дигар иштирокдорон, шоир Амиршои Хатлонӣ, собиқадори меҳнат Тутихон Назарова оид ба нуктаҳои Паёми роҳнамои Сарвари давлат, заҳматҳои шоёну бесобиқаи Пешвои миллат дар ҷодаи давлатдориву давлатсозӣ, таҳкими пояҳои истиқлолу озодӣ, баробарии ҳуқуқҳои мардону занон, баланд гаштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар намуданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Бохтар вобаста ба рӯ овардани иддае аз бонувон ба фарҳанги либоспӯшии бегона, фаъолияти гурӯҳҳои кории таблиғотӣ миёни ҷомеа, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ назари худро баён дошт.
Полковники милитсия Офоқ Қодириён оид ба фаъолияти занон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатии ҷомеа ибрози назар намуда, аз аҳли ҳамоиш даъват кард, ки бояд дар ҳамбастагӣ зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубе, ки ба пояҳои давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ, амнияту суботи ҷомеа халал ворид мекунанд, мубориза барем.
Гуфта шуд, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ бо аҳли ҷомеа ва ходимони дин атрофи он муфассал изҳор назар намуданд, мубориза бо таассубу хурофот мебошад, ки ахлоқу маънавиёт, махсусан урфу одатҳо, анъанаву маросими динии моро, фаро гирифтаанд.
Раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Давлатшозода дастгирӣ ёфтани занон аз ҷониби роҳбарияти давлат, бахусус эҳтирому арҷгузории Сарвари давлат нисбат ба зан-модарро, бузургтарин иқдомот ҳисобида, таъкид дошт, мо – занон бояд шукргузор аз чунин давлати ором, сулҳу суботи сартосарӣ, якпорчагӣ, истиқлолу озодии Меҳан намоем ва дар тарбияи дурусти фарзандон, насли созандаву бунёдкор, мусаллаҳ бо донишҳои баланди сиёсиву ҳуқуқӣ саҳм гузорем.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"