Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки басо рамзӣ буда, ин иқдом дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти ҳуқуқӣ, тайёр намудани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Зеро тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ ҳам эҳтиром гузошта мешавад.
Табиист, ки риояи қонун, эҳтироми шаъну шараф дар сурати мавҷуд будани маърифати ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Донишҳои ҳуқуқӣ, ҳимояи шаъну шарафи худ ва дигарон, риояи қонун, даст назадан ба қонуншиканӣ ва кирдорҳои ношоям, ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва эътирофи ҳуқуқҳои дигарон асоси маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.
Тавре маълум аст, баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар айёме, ки ҳанӯз ашк аз дидаҳо мерехту, захму ҷароҳатҳо сӯзиш доштанд, кинаву кудурат аз дилҳо нарафта буданд, тарафҳои мухолифро сари мизи музокирот овардану сулҳ бастан чандон саҳлу осон набуд. Илова бар ин, душманони дохиливу хориҷии кишвар мехостанд, ҳуввияти миллӣ, расму русум, таърих, забон ва фарҳанги кӯҳани миллии мардумро аз байн бурда, моро пойбанди идеологияи бегона намоянд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳатто хатари парокандашавии давлат ва миллат низ ба миён омада буд.
Хушбахтона, баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва зимоми қудратро ба даст гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият ранги дигар гирифт. Бахт ба рӯи миллати азияткашидаи тоҷик хандида, офтоби эҳсону баракат барояш нуру сафо бахшиду чеҳраи нави сиёсии сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз парокандашавӣ наҷот бахшид. Сарвари ҷавону матинирода аз нахустин рӯзи ба қудрат омадан таъмини сулҳ дар кишварро вазифа ва рисолати худ шумурда, баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгардондани гурезаҳо ба Ватан корҳои мондагорро анҷом доданд.
Дар ҳамон давраи басо сангин ва вазъи ноором бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва давлат роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд: давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Ҳоло бо эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ умедворем, ки муносибат бо ин арзишҳо боз ҳам дар руҳияи қавитар шакл гирифта, мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба фатҳи уфуқҳои нави рушду такомул устуворона қадам мегузоранд.
Саидраҳмон ДАВЛАТЗОДА, муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе