Соли чорум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), рушду тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон доир мегардад.
Дарвоқеъ, тавре мушоҳида мешавад, тайи чанд соли охир сафи иштирокдорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки фаротар аз як озмунанд, зиёд мегарданд.
Боиси зикр аст, ки даври аввали Озмун, аллакай, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, ҷамъбаст гардид.
Дар робита ба ин, Маҳмадулло Исмонов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор, гуфт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бори дигар нишон дод, ки ҷавонони мо ба хотири аз бар кардани илмҳои дақиқ беш аз пеш саъй намуда истодаанд. Воқеан, аудиторияи иштирокдорон имсол нисбат ба солҳои қаблӣ хеле ва хеле васеъ гаштааст. Боиси зикр аст, имсол дар ноҳия бо иштироки 112 нафар озмуни мазкур ҷамъбаст гардид. Мувофиқи хулосаи ҳакамон миёни 21 ҷоизадор ҳафт нафари онҳо: Амирҳамза Абдуллозода, Умеда Назризода, Қаҳрамон Халифаев, Абдуҷаббор Шарифов, Шаҳром Розиқов ва Ғуфрон Лоиқов ғолиби даври авваланд. Тамоми ҷоизадорон ба даври минбаъда, ки дар минтақаи Рашт гузаронда мешавад, роҳхат гирифтанд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”