29-уми май таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар он лоиҳаи қонунҳо «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Музокироти Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират
28-уми май дар шаҳри Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Россия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират баргузор шуд.
Музокирот таҳти раёсати вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Россия Владимир Колоколсев бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода ва дигар шахсони масъул гузашта, дар он масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия фаъолияти муваққатии меҳнатӣ анҷом медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ
байни Тоҷикистон ва Покистон
28-уми май вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо вазири федералии нақлиёт, ҳамзамон, масъули сармоягузорӣ ва хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Алим Хан вохӯрд.
Аз Вазорати мазкур ба мо хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла нассоҷӣ, истихроҷи маъдан ва энергетика, муаррифӣ шуданд.
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои «энергияи сабз» ва саноати кӯҳӣ
29-уми май бо мақсади муҳокимаи имконияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва саноати кӯҳӣ дар шаҳри Анкара ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Шералӣ Кабир бо вазири энергетика ва захираҳои табиии Туркия Алпарслан Байрактар мулоқот намуданд.
Тавре ба мо аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия тавзеҳ доданд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳоро барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла «энергияи сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноати кӯҳӣ, идома диҳанд.
Мубодилаи афкор доир ба коркарди гиёҳҳои шифобахш
28-уми май вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Чин Ван Фенчао мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ дар бахши тибби халқӣ, табодули таҷрибаи табибони ду мамлакат, гузарондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи тиб, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори меҳнат
29-уми май дар Душанбе таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо назардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оғоз шуд.
Агентии омор иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пайгирии навгониҳои илмӣ дар раванди гузариш ба стандартҳои нави омори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таъсири он ба ҷараёнҳои муҳоҷират, мақом дар шуғл ва андозагирии даромад аз шуғл ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа баррасӣ мегарданд.