Сокинони вилояти Суғд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, дар иҷрои корҳои хайру савоб пешсафанд.
Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки, аз ҷумла дар ноҳияи Спитамени вилоят, гурӯҳи сокинони деҳоти Тағояк тасмим гирифтаанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро дар ободии маҳал сарф намоянд.
Бо ташаббуси сокинон дар марҳалаи аввал 5 км роҳи деҳот мумфарш шуда, минбаъд низ корҳои хайр анҷом дода хоҳанд шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ин кори сокинонро садақаи ҷория арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки саҳмгузорӣ дар ободии сарзамини аҷдодӣ кори савоб аст.
Тавре сокинон иброз доштанд, минбаъд низ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони бинои сеошёнаи истиқоматӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 шинос гардида, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба охир расондани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»