31-уми май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис дар бораи Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода гузориш дод.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии қабули Барнома андешидани тадбирҳо вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ, навсозӣ ва барқарорсозии иншооти гидротехникӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунии устувор, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз гардиш берунмонда ва ғайра мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки сохторҳои марбута татбиқи Барнома ва нақшаи амали онро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо ҷалби маблағҳои зарурӣ таъмин намоянд.
Сипас, дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.
Зикр шуд, ки лоиҳаи қарори мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ қабул шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 чораҳои зарурӣ андешанд.
Сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки амалишавии саривақтии барномаҳои давлатии рушдро таъмин намоянд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фиристода шуданд.
Мутобиқи лоиҳаи тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, убури мусофирон аз хатти сарҳад дар фурудгоҳҳо аз тариқи дарвозаҳои электронӣ сурат мегирад, ки боиси сода гардидани низоми гузашт ва сарфаи вақт барои мусофирон ва сарҳадбонон мешавад.
Мақсад аз ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ба рӯзҳои ид илова намудани рӯзи телевизион мебошад.
Ҳамчунин, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” муҳокима гардида, қарори дахлдор қабул шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва дигар масъулонро ба иҷрои ҳатмии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии дастурҳои зимни мулоқот бо фаъолони кишвар ва ходимони дин ва аҳли илм ва маориф додашуда, ҷалб намуданд.
Супоришҳои дигар, ҳамчунин, доир ба ҷамъоварии беталафи ҳосили саҳро, самаранок истифода бурдани техникаю технологияи муосири кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, таъмини фаровонҳосилӣ, захираи маводи ғизоӣ ва, инчунин, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.