Дар робита ба 20-солагии ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросу ҳайати расмии ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Мухяти Сзирмухмэти ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард. Меҳмононро дар гузаргоҳи Кулма – Қаросу раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2004 гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросу мавриди истифода қарор дода шуда буд.
Бо иштироки меҳмонон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар аз намоиши ҳунарҳои мардумии вилоят, ки дар даромадгоҳи толор ташкил шуда буд, дидан намуда, ба он баҳои арзанда доданд.
Бо изҳори қаноатмандӣ ва сипоси бепоён ба роҳбарияти олии ҳар ду кишвар зикр гардид, ки гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросу на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз лиҳози сиёсию иҷтимоӣ низ муносибати рӯзафзуни ду кишвари дӯстро таҷассум намуда, дар муддати бист соли фаъолият ба яке аз омилҳои муҳими рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Чин табдил ёфт.
– Зиёда аз 32 сол мешавад, ки робитаи дипломатӣ байни Тоҷикистону Чин ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат дар ин давра бамаротиб афзоиш ёфта, имрӯз ба зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, – зикр намуд раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва афзуд. – Дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Чин дар ҳудуди вилоят иқтидорҳои саноати кӯҳӣ коркард шуда, айни замон, бунёди қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон идома ёфта, бунёди пули 200-метраи бардошташ зиёда аз 100 тонна дар шаҳри Хоруғ давом дорад.
Барномаи хотирмони фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Чин анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”