Илми табиатшиносӣ собит намудааст, ки суръат ва сифати нашъунамои мавҷудоти зинда ба руҳияву кайфияти инсон, олами мусиқӣ ва амсоли он алоқамандии зич дорад. Ин омилҳо, дар баробари ғизо, намӣ, ҳарорат, рӯшноӣ, ба рушду нумӯи наботот низ таъсири мусбат мерасонанд. Чунин андешаю фарзияҳои илман асоснок давоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи таълимӣ-таҷрибавии "Хуррамзаминӣ"-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бори дигар исботи комили худро ёфт.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ба минтақаи таълимӣ-таҷрибавии муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ташриф овардаву дидан кардаанд. Бар замми он, хурсандиовар аст, ки дар вилояти овозадори Суғд минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳ маркази намоиши дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ интихоб шуда, муваффақона ба ҳадафҳои пешбинигашта ноил гардид.
Бо иқдому талошҳо ва ҷидду ҷаҳди раёсати Донишгоҳ баҳри истиқболи сазовори Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар "Хуррамзамин" тадбирҳои зиёди ободониву бунёдкорӣ ва сабзкорӣ вусъати тоза пайдо кард. Дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин майдони токзори навъҳои "президентӣ", "шоҳона", "аватар", "ғалаба"-и ангур бо тарзи хавозавӣ дар масоҳати 5,5 га бунёд ёфт ва нашъунамои беш аз 2500 бех ниҳолҳо дар авҷ аст. Инчунин, дар масоҳати 1,4 га боғи интенсивӣ зардолуи навъҳои "мирсанҷалӣ", "нишонӣ", "силверкот" бунёд гардид, ки дар он беш аз 1300 бех дарахтони қадпаст шинонда шудаанду нашъунамои онҳо баҳри дилкушоро мемонад. Алалхусус, дар канори ин боғу токзори навбунёд шинондани беш аз 200 бех ниҳолҳои дарахти санавбар ба сифати хатти муҳофизатии ҷангалӣ боиси пешгирии бодлесии хок, ҳимояи наботот аз зараррасонҳо ва ғайра гаштааст, ки боровару файзбории татбиқи дастовардҳои илми табиатшиносӣ дар минтақа мебошад.
Дар амалисозии ҳидояту дастурҳои дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаби қитъаи замини корам бо ибтикороти сарвари муассиса, профессор Усмонзода Аюб Ислом дар байни қатори токзор ва боғи зардолу беш аз 10 ҳазор кӯчатҳои помидор, бодиринг, боимҷон, каду ва лӯбиё шинонда шудааст, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, саҳми босазо мегузорад. Ғайр аз ин, дар масоҳати 0,5 га дар байни токзори нав кишти зери плёнкагии тарбуз амалӣ гардид, ки дар фаровонии дастархони аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ нақши муҳим мебозад.
Баҳои баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ободониву бунёдкории аҳли ҷомеаи Донишгоҳ, дастури маслиҳатҳои беғаразу дурандешонаи ин абармарди таърихӣ боис гардид, ки боғи зардолуву токзор, ниҳолу кӯчатҳо рушди нумӯи тоза ёбанд. Нашъунамои пуравҷи ҳамаи ниҳолу кӯчатҳои шинонидашуда шаҳодат медиҳанд, ки руҳияи суботкорона, матину пурҷасорат, садоқату ватандӯстии Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон таъсири мусбат бахшидааст.
Мутмаинем, ки ҷавобан ба заҳмату талош, ғамхориву дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаи Донишгоҳ корҳои ободониву бунёдкорӣ, сабзкорӣ, беҳдошти муҳити зистро боз ҳам вусъат мебахшанд.
АБДУХОЛИҚЗОДА М.А., декани факултети геоэкология ва туризми ДДХ
СОБИРОВ М.С., мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми ДДХ