Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки шарикони стратегӣ мебошанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондаанд. Дар баробари дигар соҳаҳо, дар ин замина якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин ба имзо расида, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии ду Вазорат ба кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ гардиданд.
Дар доираи чунин ҳамкориҳо ҳайати департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, аз раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дидан намуданд. Баъд аз ин, мулоқоти кории роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай таҳти роҳбарии Сюй Ефэн бо раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи вилояти Хатлон ва политсияи шаҳри Шанхай дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, табодули таҷриба оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва раванди террористиву экстримистидошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон бо мақсади шиносоӣ бо таърих ва фарҳангу маданияти қадимаи миллати тоҷик аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон дидан намуданд.
Баъд аз ин, ҳайати департаменти мазкур бо роҳбарияти раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ташриф оварда, намоишномаи "Зол ва Рудоба"-ро, ки инъикосгари фарҳангу тамаддуни ориёии мардуми тоҷик мебошад, тамошо карданд. Сардори департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай Сюй Ефэн ба ҳунармандони Театр барои дар сатҳи баланди ҳунарӣ ва фарҳангӣ иҷро намудани намоишнома изҳори сипос кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"