9-уми марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз рӯ овардани баъзе занону бонувон ба расму ойини бегона, аз ҷумла тақлид ба либоспӯшии дигар миллатҳо, изҳори нигаронӣ намуда, чунин иброз доштанд: «Бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад… Дар ҳоле ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос».
ИСЛОМ ЛИБОС НАОВАРДААСТ
Табиист, ин суханони Пешвои муаззами миллат, ки ба хотири эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва расму ойинҳои тамаддунсози миллати тоҷик гуфта шуданд, қишрҳои гуногуни ҷомеаро бетараф нагузоштанд ва миёни онҳо ҳамовозии гарм пайдо карданд.
Аз ҷумла, дар иртибот ба ин мавзуи муҳим узви Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ чунин гуфт: “Имрӯз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастӣ ба назар мерасад, ки пайомадҳои ногувор дошта метавонад. Тавре мебинем, бештари бонувон либоси ба фарҳанги мо бегонаро «либоси исломӣ» унвон дода, ба ин васила онро дар ҷомеа тарғиб менамоянд. Ин дар ҳолест, ки чунин куртаҳо либоси намояндагони дигар миллат буда, ба дин иртиботе надоранд. Дини мубини ислом дар ягон давру замон либос ва ё ранги махсус надошт, танҳо меъёри пӯшидани либосро муайяну муқаррар кардааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошта, ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Ҳатто, либоси мотамии миллати тоҷик чунин ранг надошт. Бояд таъкид сохт, ҳар он чизе, ки Сарвари кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир ба исрофкорӣ, ифротгароӣ, тақлидкориву эҳтиром нисбат ба волидон иброз доштанд, зикри ояҳои Қуръони кариму ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) мебошанд. Бо дарназардошти ин ҳама, занону духтарони тоҷикро зарур аст, то ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, ки комилан фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ мебошанд, либосҳои тоҷикона ба бар намоянд».
Дарвоқеъ, модарону хоҳарони мо тарзи хоси либоспӯшии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекунанд.
– Либос як рукни асосии фарҳанги ҳар миллат аст, аз ин рӯ эҳтиром гузоштан ба фарҳанги аҷдодӣ эҳтиром ба миллати худ маҳсуб мегардад, – гуфт мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оила Гулсара Ёрова. – Воқеан, либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон аст. Тарзи пӯшидани либос аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё эътироф шудааст.
ҚАБЛ АЗ ҲАМА МО ТОҶИКЕМ
«Охир чаро мо бегонапарастӣ кунем? Чаро аз фарҳанг, аз забон, аз таърих, урфу одатҳои худ ношукрӣ кунем? Чаро? Ана, душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд. Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангро, баъд давлат ва ҳамин тариқ миллат аз байн меравад, фаромӯш накунед, мардум! Дар як баромадам гуфта будам, имрӯз низ мегӯям: Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон». Ин суханонест, ки Сарвари давлат зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд.
Воқеан, вақти он аст, ки ба хотири ояндаи нек фарзандонро дар руҳияи арҷ гузоштан ба мероси пурғановати аҷдодамон ба воя расонем. Тақлидкориву бегонапарастиро решакан намуда, дар ҳифзу побарҷо мондани фарҳангу тамаддуни ниёгон саҳм гузорем. Ҳаргиз нагузорем, ки ҷои пероҳани зебои миллиро шимҳои даридаву куртаҳои доманкӯтоҳ ва ё ҳиҷоб бигиранд. Мо тоҷикем ва бояд тоҷикона пӯшем.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»