Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбанд.
Сокинони деҳаи Гулшани ноҳия пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар тасмим гирифтанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро дар ободонии маҳал сарф намоянд. Занону бонувони ин деҳа ташаббус нишон дода, дар кори хайр саҳм мегузоранд ва ин амали худро садақаи ҷория медонанд. То имрӯз 7 км роҳи асосии деҳа мумфарш гардида, ин иқдом дар дигар деҳаҳои ноҳия низ бомаром идома дорад.
Дар назар аст, ки аҳолӣ 30 км роҳи деҳаро мумфарш карда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирад. Ҳамзамон, сокинони ноҳия ният доранд, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ беш аз 80 синфхонаи иловагӣ бунёд созанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, иқдому ташаббусҳои наҷиби сокинонро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карда, илова намуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи раиси вилоят, саҳмгузорӣ дар ободии маҳал ва бунёди иншооти иҷтимоӣ кори хайру савоб буда, ҳар гӯшаву канори Меҳани муқаддасамонро бояд ободу зебо намоем.
Дар ин бора Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» маълумот дод.
5000 ТОННА ЗАРДОЛУИ ТАР СОДИРОТ МЕШАВАД
Дар ноҳияи Ашт, ки аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ ба ҳисоб меравад, 20 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст. Аз ин 570 гектари он зардолуи пешпазак буда, ҳоло чиниш ва содироти маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои масъулон, боғдорон тасмим доранд, ки 5000 тонна зардолуи пешпазакро ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот намоянд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят маълумот доданд, ҳар рӯз 10 мошини боркаш вориди ноҳия шуда, маҳсулотро интиқол медиҳанд. Нархи як кило зардолу дар сари замин 8 сомонӣ аст.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои осон намудани раванди содироти маҳсулот равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ, назорат ва барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда таъсис дода шудааст.
СОДИРОТИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ АЗ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
Дар минтақаи шафати роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, ҳамарӯза ба хориҷи мамлакат тавассути роҳи оҳан ва мошинҳои калонҳаҷм пиёзи барвақтӣ интиқол меёбад.
Сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Музаффар Юнусов, мегӯяд, ки барои иҷрои корҳо, ба монанди саракунӣ, бандубасти маҳсулот ва пур кардани вагонҳо шумораи зиёди сокинони ноҳия бо шуғл ва маоши хуб таъмин гардида, барои соҳибкорону тоҷирон шароити мусоид фароҳам аст.
Содироти пиёзи барвақтӣ аз ин минтақа, асосан, аз 17-уми апрел шуруъ гардида, ба таъкиди соҳибкорон, рӯз ба рӯз талабот ба пиёз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат меафзояд.
Барои интиқоли саривақтии пиёз, аз ҷумла ҷиҳати барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда, саҳми кормандони минтақавии гумрук дар ноҳия назаррас аст.
Ба гуфтаи кишоварзон ва соҳибкорон, имсол ҳосили пиёз фаровон ва талабгорони он дар хориҷи мамлакат низ зиёд мебошад. Барои бе мушкилӣ содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ амал карда, дар асоси талаботи бозор ба соҳибкорону тоҷирон ва, дар маҷмуъ, интиқолдиҳандагони бор дастуру маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
– Дар вилоят кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар самти содироти пиёзи барвақтӣ имконияти бештар доранд, – гуфт Музаффар Юнусов.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»