3-юми июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ додааст, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии СААД, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардид, масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр кард, ки фаъолияти муштараки кишварҳои аъзо дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмон ба самарабахшии ҳамкории байнидавлатӣ дар таъмини ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳои мо мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки дар замони шиддат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ афзалияти тавсеа ва баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ дар доираи Созмон меафзояд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шурои Ассамблеяи парламентии СААД-ро ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон ҷалб карда, таъкид намуд, ки вазъияти мураккаби ин кишвар метавонад барои минтақа оқибатҳои манфӣ дошта бошад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, муҳимияти амалӣ намудани тадбирҳои муштаракро бобати таъмини амнияти фазои иттилоотии Созмон ва пешгирии истифодаи ғаразноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз ҷониби созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои харобиовари худ зарур шумурд.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар доираи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот ва дар суҳбати роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев иштирок кард. Зимни суҳбат Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон паёму таманниёти гарму самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда, ба талошҳои ҷониби Қазоқистон дар давраи раёсаташ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳои баланд дод.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”