Дар заминаи ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ масъалаҳои ҳуқуқӣ дар сатҳҳои гуногун мавриди таҳлил, баррасӣ ва ташвиқу тарғиб қарор гирифтаанд. Дар ин робита ҳуқуқи кӯдак низ яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор меравад, ки мо қарор додем, дар ин матлаб таносуби ҳуқуқи кӯдакон ва шахсони болиғро баррасӣ намоем, зеро доираи ҳуқуқҳои кӯдакон вобаста ба соҳа аз доираи ҳуқуқи шахсони болиғ фарқ менамояд.
Мусаллам аст, ки дар дохили ҳар соҳаи ҳуқуқ меъёрҳои алоҳидае ҳастанд, ки вазъи ҳуқуқии кӯдаконро фаро мегиранд. Вобаста ба ин зарур медонем, ки дар оғоз ба таври сода ҳуқуқҳои кӯдаконро дар доираи соҳаҳои зерини ҳуқуқӣ – ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ баррасӣ намоем.
Ҳуқуқҳои кӯдак тибқи Конститутсия. Калимаи “кӯдак” дар Конститутсия ҳамагӣ ду маротиба (моддаи 34) омадааст: “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”. Аммо ин маънои онро надорад, ки дигар моддаҳои Конститутсия ба вазъи ҳуқуқии кӯдакон таъсир надоранд. Масалан, моддаи 5 Конститутсия ба ҳамагон новобаста аз синну сол дахл дорад: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ҳастанд моддаҳои дигари Конститутсия, ки онҳоро бинобар сабабҳои объективӣ кӯдакон наметавонанд дар амал татбиқ намоянд. Масалан, тибқи моддаи 27 Конститутсия: “Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд”. Шахс барои хизматчии давлатӣ шудан, пеш аз ҳама, бояд ба балоғат расад. Яъне, як қисми ҳуқуқҳои дар Конститутсия пешбинишуда ба ояндаи кӯдак робита доранд ва дар замони кӯдакиашон ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ба доираи вазъи ҳуқуқии кӯдакон дохил намешаванд.
Яъне моддаҳои Конститутсия дар робита ба ҳуқуқҳои кӯдак ба се навъ тақсим мешаванд: моддаҳое, ки бевосита ба вазъи ҳуқуқии ҳама (ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон) мутааллиқанд, моддаҳое, ки бевосита ба вазъи ҳуқуқии кӯдак алоқаманданд, моддаҳое, ки бевосита ба вазъи ҳуқуқии шахсони болиғ нигаронда шудаанд ва ба кӯдак дар оянда пас аз балоғат мутааллиқ мегарданд.
Ҳуқуқҳои мадании кӯдак. Аслан, он таснифоте, ки меъёрҳои Конститутсияро дар робита ба ҳуқуқи кӯдакон баён кардем, ба ҳуқуқи маданӣ ҳам мутааллиқанд. Яъне, баъзе аз меъёрҳои қонунгузории маданӣ (хусусан Кодекси маданӣ) ба ҳамаи инсонҳо новобаста аз сину сол дахл доранд (масалан, моддаи 243 КМ ҶТ ҳуқуқ ба эҳтироми шаъну шарафро пешбинӣ кардааст, ки он ба ҳама дахл дорад). Аммо қисми дигари меъёрҳои ҳуқуқи маданӣ, махсусан ба вазъи ҳуқуқии кӯдакон, дахл доранд. Масалан, мувофиқи моддаи 1279 Кодекси маданӣ кӯдак ҳуқуқ ба ҳиссаи ҳатмӣ дар мерос дорад.
Аз лиҳози амалӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои мадании кӯдакон онҳоро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард: 1) ҳуқуқҳое, ки кӯдакон метавонанд худашон амалӣ намоянд (масалан, харидани маводи хониш); 2) ҳуқуқҳое, ки на кӯдакон, балки волидонашон, ё васию парасторашон амалӣ менамоянд (ҳуқуқ ба гирифтани амволи ғайриманқул ҳамчун туҳфа). Дар ҳуқуқи маданӣ кӯдак ҳар чи қадар сину солаш боло рафтан гирад, доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданиаш ҳамон қадар афзун мегардад.
Масалан, кӯдаки дар батни модар ҳуқуқ ба саломатӣ ва ҳифзи ҳаёт дорад, кӯдаки то 6-сола ҳуқуқ ба ғизои солим ва тарбия дорад, аз 6-сола то 14-сола ҳуқуқи бастани аҳдҳои хурди маишӣ дорад, аз 14-18 ҳуқуқи гирифтани ҳаққи муаллифӣ, музди меҳнат ва ғайраро дошта, шахси аз 18 сола боло кулли ҳуқуқҳои маданиро доро мебошад.
Ҳуқуқҳои оилавии кӯдак. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи кӯдак ҷойгоҳи махсус дорад ва дар он ба кӯдакон ҳуқуқҳои зиёд пешбинӣ шудааст. Ҳуқуқ ба хӯрок, ҳуқуқ ба пӯшок, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба тарбия, саробонӣ, сарпарастӣ, ҳуқуқ ба таълим, ҳуқуқ ба табобат. Ин шаш ҳуқуқи калидии кӯдак аз меъёрҳои гуногуни Кодекси оила ва дигар қонунҳо бармеоянд. Волидон дар ҳама ҳолат, ҳатто агар аз ҳам ҷудо шаванд ҳам, ҳамин шаш ҳуқуқи калидии кӯдакро бояд таъмин кунанд. Дар ҳолати саркашӣ кардани волидон аз таъмини ҳуқуқҳои кӯдак, давлат ҳақ дорад онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад, аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум созад, кӯдакро ба тарбияи муассисаҳои дахлдори давлатӣ супорад.
Ҳуқуқҳои меҳнатии кӯдакон. Доир ба фаъолияти меҳнатии кӯдакон Кодекси меҳнат меъёрҳои зиёд пешбинӣ намудааст, ки ҷавҳари ҳамаи онҳоро 3 масъалаи асосӣ ташкил медиҳад:
1. Меҳнат амали мусбӣ аст ва инсонро рушду камол мебахшад. Аз оворагардӣ ва ютубтамошо дида, барои кӯдакони аз 14-сола боло меҳнат хубтар аст. Барои ҳамин ҳам, Кодекси меҳнат кӯдаконро низ барои ҷалб кардан ба меҳнат, ба шарте ки ба саломатии онҳо зарар надошта бошад иҷозат медиҳад.
2. Меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат аз ҳад зиёд кор кардани кӯдаконро манъ менамояд. Яъне, аз ҳад зиёд кор кардани кӯдакон ба саломатӣ ва ояндаи онҳо зарар дорад. Онҳоро танҳо аз 14-солагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ иҷозат медиҳад. Барои онҳо давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ муайян менамояд. Яъне, набояд мисли калонсолон дар як рӯз 8 соат кор кунанд.
3. Кодекси меҳнат кафолатҳои махсусро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои менатии кӯдак муайян кардааст. Масалан, ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, фиристондан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин, бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст.
Ҳимояи кӯдакон аз ҷиноят. Кодекси ҷиноятӣ доир ба кӯдакон меъёрҳои хос дорад. Барои фаҳмо шудан онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намоем хуб мешавад: меъёрҳое, ки тибқи он ноболиғон мабодо ҷиноят содир кунанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд; меъёрҳое, ки ноболиғонро аз ҷиноятҳо ҳимоя мекунанд. Гурӯҳи якуми меъёрҳо чунин хусусият доранд, ки ба ҳадди зарурӣ ноболиғонеро, ки ҷиноят содир кардаанд, ҷазоҳои сабук ё чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣ пешниҳод менамояд, то зудтар ислоҳ шаванд. Агар ноболиғ 16-сола набошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад (барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 14-солагӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад).
Гурӯҳи дуюми меъёрҳо маҳз барои ҳимояи ноболиғон аз ҷиноятҳо равона шудааст. Масалан, дар боби 20 Кодекси ҷиноятӣ махсус ҷавобгарии ҷиноятӣ барои чунин ҷиноятҳо пешбинӣ шудааст: ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят (моддаи 165), ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ (моддаи 166), савдои кӯдакон (моддаи 167), ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида (моддаи 168), бастани ақди никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст (моддаи 169).
Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи махсус барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил вуҷуд дорад. Яъне, тибқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятӣ ҳангоми монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) шахси монеъшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Ҳамин тавр, кӯдак ҳуқуқ ва ниёзҳои зиёд дорад, ки онҳоро мо – калонсолон, бояд ба инобат гирем ва таъмин намоем.
У. МЕЛИКОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессори кафедраи ҳуқуқи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон