Илҳом аз мулоқот бо аҳли илм ва маориф
Пешво роҳе барои олимони мо кушуд,
Дар мулоқоташ зи таҳти дил суханронӣ намуд.
Гуфт: -Давлат доимо дар фикри беҳбуди шумо,
Чунки умре мерасад бар ин Ватан суди шумо.
Хоҳишам аз ҷамъатон бошад азизонам, мудом
Дӯст доред ин Ватанро аз дилу ҷон субҳу шом.
Ҳар нафас бошед андар фикри шогирдони худ,
Сабз гардонед чун гул дар бари домони худ.
Пурра омӯзед то охир забони тоҷикӣ,
Ҳастии миллат - забони ҷовидони тоҷикӣ.
Ҳар нафас олим, ки омӯзад забони хориҷӣ,
Мешавад огоҳ осон аз ҷаҳони хориҷӣ.
Вой бар он соҳибунвоне, ки ғайбатгар шавад,
Як нафас дур аз китобу хомаву дафтар шавад.
Он ҷавоне, ки парастад Меҳани худро, сано,
Дастгирӣ кард бояд ҳар шабу рӯзи Худо.
Дониёро, раҳнамоят пандҳои Пешво,
Пандҳои зарҳалину бебаҳои Пешво.
Дониёр САНГИНӢ, омӯзгор