30-юми май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон, боздид намуд.
Сарвари хоҷагии деҳқонии «Саховат» Қиёмиддин Абдукаримов иттилоъ дод, ки шумораи саҳмдорони хоҷагӣ ба 15 нафар мерасад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 18 гектар (корами обӣ) буда, дар 4 гектари он пахта, 3,5 гектар гандум, 1,4 гектар боғ, 5 гектар беда, 0,5 гектар пиёзу дигар анвои сабзавот парвариш карда мешавад.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз 20 садяк замин 15 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст. Саҳмдорони хоҷагии мазкур ҳамасола тавассути истифодаи оқилонаи замин ҳосили хуб ба даст оварда, хароҷоти рӯзгори худро таъмин менамоянд ва як қисми онро ба фурӯш мебароранд.
Раиси вилоят аз фаъолияти бисёрсола ва таҷрибаи ғании Қиёмиддин Абдукаримов дар соҳаи кишоварзӣ ситоиш намуд.
Давлаталӣ Саид дар ин мавзеъ, ҳамчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзии оростаи деҳқонони хоҷагӣ дидан кард.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МТМУ№ 75 ба номи Бобиев Муҳаммад, воқеъ дар кӯчаи Кароматулло Қурбонови Ҷамоати шаҳраки Ёвон, бо иштироки раиси вилоят маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии "Е-KHONISH" сурат гирифт. Дастгоҳу таҷҳизоти барномаи "Е-KHONISH" дар Муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” дастрас ва васлу насб гардидааст. Дар Муассиса 33 синфхона мавҷуд буда, то инҷониб 20 камераи навъи IP Hikvision 2 MP насб карда шудааст. Раиси вилоят аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озод намуд.
Аз ҷониби директори генералии ташкилоти ҷамъиятии "Ҷуръат" Саъдӣ Хушвахтов тариқи слайдҳо маълумоти пурра оид ба кор дар барнома ва нозукиҳои он маълумот дода шуд.
– Тасдиқ намудани "Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042" яке аз қадамҳои устувор аст. Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин, пеш аз ҳама, тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад, – афзуд раиси вилоят.
Барномаи мазкур ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф мусоидат намуда, вазорати маориф, падару модарон, хонандагон ва омӯзгорон аз ҷараёни таълиму тарбия огоҳ мегарданд. Инчунин, раиси вилоят аз намоиши дастранҷи хонандагон дидан намуда, ба як гурӯҳ волидайн планшет туҳфа кард.
Дар идома раиси вилоят ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ташриф оварда, дар маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии "Е-KHONISH" иштирок намуд. Дастгоҳу таҷҳизоти барномаи мазкур низ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” ройгон дастрас ва васлу насб гардидааст.
Сипас, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ятимону хонандагони муассиса туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо ятимону хонандагон иброз намуд, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳову бекас ҳис накунанд, зеро Пешвои миллат ҳамеша ғамхори ятимон мебошанд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз рафти ҳосилғундорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнови ноҳия боздид намуд. Хоҷагӣ дорои 9 гектар замини корами обӣ мебошад. Айни замон ҳосили картошка омода шудааст. Роҳбари хоҷагӣ тасмим гирифт, то 2 тонна картошка ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон кумак намояд.
Раиси вилоят бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд дод.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"