РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ТААССУБУ ХУРОФОТ ВА ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ИФРОТӢ КАДОМАНД?!
Айни замон дар дунё ҳеҷ давлате вуҷуд надорад, ки хатари терроризм ва экстремизм ба амнияти он ва сокинонаш таҳдид накунад. Ҳатто кишварҳои аз лиҳози иқтисодию ҳарбӣ муқтадири ҷаҳон низ аз амалҳои террористӣ хавф мебаранду нигаронанд.
Терроризм, ифротгароӣ, қатлу куштор, даҳшат-афканӣ, таассубгароӣ ва дигар тамоюлҳои манфии замони муосир дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як кишвар масъала ё худ муаммои сарбастаеро пеш гузоштааст, ки роҳи ҳалли он чандон осон нест.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишваре, ки бо давлати ҷангзадаи Афғонистон сарҳади тулонӣ дорад, аз таҳдидҳои терроризм хавф мебарад. То имрӯз дар кишвари мо ҳам ба монанди дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чорабиниҳои муассир роҳандозӣ гардидаанд. Имрӯз низ давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, то ки аҳолии кишвар дар суботу амният ва оромию осудагӣ умр ба сар баранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ ба масъалаи терроризму ифротгароӣ махсус таъкид намуда, ин мавзуъро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карданд. Аз ҷумлаи таъкидҳои Пешвои миллат ин аст: “Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ.
Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Дар пойтахти Тоқикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд”.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар рафти ин мулоқот аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик омада ёдовар шуда, қайд намуданд, ки руҳониёни ифротӣ ва бегонапараст дар охири асри гузашта бо амри хоҷагонашон вазъи кишварро ноорм сохтанд, ба хотири расидан ба қудрату ҳукмронӣ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Ин ҷанг имкон фароҳам меовард, ки душманони миллат номи давлати Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон маҳв созанд. Барои оташи ҷанг ин афрод ва дигар душманони дохиливу хориҷӣ ҳар замон равған мерехтанд.
Ман ин ҳақиқатро ҳамчун як шоҳиди бевоситаи ин ҷанг ва вакили мардумӣ дар Шурои Олӣ изҳор медорам. Ба бахти мо ва ин миллат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданд, Маҳз бо кӯшишу талошу хиради азалии Пешвои миллат сулҳи деринтизор ба даст омад.
“Вале таъкид бояд кард, ки аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти кор бо дин, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин, аҳли ҷомеа татбиқи санадҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба вазъи воқеӣ ба роҳ монда нашуда, чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд”, – изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат як факти бисёр ташвишовар ва ҳушдордиҳандаро гуфтанд, ки ҳамаи моро ба андеша кардан водор месозад. Таъкид гардид, ки “дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст”.
Дар ҳақиқат, ҳоло масъалаи терроризм ва экстремизм дар назди мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ду муаммои асосиро пеш гузоштааст:
1. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ;
2. Пешгирӣ аз хатари ҳамлаҳои террористӣ ва таъмини субот.
Ҳарчанд ки роҳи ҳалли муаммои аввал, яъне пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ душвор ба назар мерасад, вале дар сурати ҳалли он метавон шиддати хатарро то ҳадди имкон паст намуд. Барои ҳалли ин муаммо доираҳои коршиносон ва мутахассисонро зарур аст, ки ба суоли асосӣ, яъне омилҳои ифротӣ шудани ҷавонон посух ёбанд.
Ин нукта ва нигаронии Сарвари давлат ҳар кадоми моро ҳушдор медиҳад, ки гузаштаро, хосса, ҷанги шаҳрвандиву оқибати ногуворашро фаромӯш насозем. Мақсад аз фаромӯш насохтан роҳ надодан ба фориғболӣ мебошад. Яъне, дар тарбияи дурусти насли наврас бештару беҳтар бояд саҳм бигирем, то ба қадри истиқлол, ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ бирасанд. Воқеан, ҳеҷ кас ба ҷуз худи мо ин Ватанро ободу пешрафта намесозад. Ҷавонон барои гулгулшукуфии он бо донишу хирад ва ояндабинӣ бояд саҳми сазовор бигиранд. Онро бо ҷону дил дӯст бидоранду дӯстро аз душман шинохта тавонанд. Масъул бошанд, ки ба шаъни миллат бо амалҳои зиддибашарӣ доғ ворид насозанд.
Чӣ бояд кард? Ин суол низ аз муҳимтарин пурсиши муаммои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Ба назари мо, дар раванди ҳалли ин муаммо ба ҷиҳатҳои зерин диққат додан айни муддаост:
1. Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, гуманизм, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суннатҳо.
2. Баланд бардоштани маърифати динӣ ва мазҳабии ҷавонон, тарбияи ахлоқӣ, таҳаммулпазирӣ ва баҳодиҳии воқеӣ ба ғояҳои таҳрифшудаи гурӯҳҳои ифротӣ.
3. Таваҷҷуҳи бештар дар самти ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, касбомӯзӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи шахсияти онҳо ҳамчун нафари барои ҷамъият зарур.
4. Омӯзиш ва фаҳмондани маърифати истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, фарқ карда тавонистани ғояҳои созанда аз идеологияи тавтеакорона ва иштироки фаъолона дар ҷанги иттилоотӣ ба манфиати давлат.
Бояд гуфт, ки сабабу омилҳо ва роҳҳои ҳалли тамоюли манфии терроризму ифротгароӣ аз он чи, ки мо диққат додем, хеле зиёдтар аст, аммо дар ин матлаб мо ба муҳимтарин ва асоситарин ҷузъиётҳо таваҷҷуҳ карда, хулосабарорӣ намудем. Ба назари мо, терроризму ифротгароӣ он вақт пурра решакан мешавад, ки тамоми сохторҳо: мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, созмону ташкилотҳо ва ҳар як сокини кишвар масъулият эҳсос карда, субот ва амнияти худ ва ҷамъиятро дар мадди аввал қарор диҳад.
Дар ин самт Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мунтазам дар вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо баргузор намуда, таблиғоту ташвиқот мебаранд.
Чунин муносибат бо сокинону фаъолони ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии таассубу ифрот ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ” баргузор гардид. Дар суханронии иштирокчиёни вохӯриҳо дар бораи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагон ва фаъолони ҷомеа, ходимони дин, ки рӯзи 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд, диққати асосӣ дода шуд. Ин гуна вохӯриҳои судманд дар оянда низ баргузор хоҳанд шуд.
Ғайбулло АВЗАЛОВ, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон