Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва таблиғи либосҳои миллии тоҷикӣ гурӯҳҳои кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо модарони солор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодаанд.
Масъулон, махсусан бо духтароне, ки ба фарҳанги ғайр рӯ овардаанду либоси бегонаро тарғиб менамоянд, суҳбату вохӯриҳои муфид баргузор мекунанд.
Тавре мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод Раъно Давлатзода иброз намуд: “Дар рафти вохӯрӣ намояндагон аз ҳадафу муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар сухан намуда, ба мардум мефаҳмонанд, ки либос ба дин ягон иртиботе надошта, тақлидкориву фарҳангфурӯширо қатъ намоянд. Модарони рӯзгордида аз тарзи либоспӯшии занони тоҷик дар солҳои пеш қисса намуда, зикр доштанд, ки тоҷикон либоси худро дар ҳар давру замон маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд”. Воқеан, имрӯзҳо баъзе занону духтарон на танҳо аз ҷаҳлу нодонӣ балки бо ҳадафу ниятҳои ғаразнок фарҳанги бегонаро тарғиб мекунанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бонувон асолати миллии худро аз даст медиҳанд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»