Рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Бо назардошти ҳамин нукта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон як қатор тадорукот, аз ҷумла тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, дар ҳамбастагии воҳидҳои сохторӣ амалӣ гардида истодааст.
Бо иштироки мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши омӯзишӣ дар мавзуи “Конститутсия - оинаи маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн доир ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, бо истифода аз гуфтаҳои Пешвои миллат зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳим ва асосии бунёди давлати мустақили миллӣ буда, риояву иҷрои меъёрҳои он имкон медиҳад, то давлату ҷомеаи солиму устувор созмон дода шавад ва сулҳу суботи сиёсиву рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар таъмин гардад.
Зикр гардид, ки мақсад аз эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна қоидавайронкунӣ мебошад.
Вобаста ба ин, аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати дарки дурусти меъёрҳои Конститутсияи худ ва татбиқи амалии он бетараф набошанд, зеро эҳтиром ва риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воситаҳои асосии таъмини волоияти қонун, инчунин, эътирофу эҳтиром, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони кишвар шуморида мешавад, ки дар партави эъмору ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва давлати ҳуқуқбунёд басо муҳим мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”