Мир 24. Раҳбари Беларус Александр Лукашенко зимни сафари давлатӣ ба Муғулистон бо Президенти ин кишвар Ухнаагийн Хурэлсух мустақиман дар юрта – хонаи миллии муғулҳо гуфтугӯ кард ва баъд ба онҳо аъзои ҳайатҳои ҳар ду мамлакат ба таври васеъ ҳамроҳ шуданд. Александр Лукашенко Муғулистонро кишвари наздик ва дӯст номида, хостори густариши ҳамкориҳо, пеш аз ҳама, дар бахшҳои иқтисод шуд.
«Сафари давлатии Шумо аввалин сафари Раҳбари давлати Беларус ба кишвари мост. Сафар дар муносибатҳои нек ва боварии халқҳоямон саҳифаи нав мекушояд. Ин як сафари таърихӣ аст, ки равобит ва ҳамкориҳои моро таҳким мебахшад”, – таъкид кард Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух.
Дар маҷмуъ, 14 санад оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун аз илм то варзиш ва сайёҳӣ ба имзо расид. Сафари давлатии Лукашенко дар Муғулистон аз 1 то 4-уми июн идома ёфт.
СММ: «193 кишвари узв бояд давлати Фаластинро эътироф кунад»
EuroAsia Daily. Ҳама кишварҳои узви СММ бояд Фаластинро эътироф кунанд, то сулҳ дар Ховари Миёна ба даст ояд. Дар ин бора 3-юми июн дар баёнияи гузоришгарони вижаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башар (OHCHR) нашр кардааст, гуфта мешавад.
"Ҳама давлатҳо бояд аз 146 кишвари узви СММ пайравӣ кунанд, давлати Фаластинро эътироф намоянд ва барои таъмини оташбаси фаврӣ дар Ғазза аз тамоми захираҳои сиёсиву дипломатии дар ихтиёрашонбуда истифода баранд", – гуфта мешавад дар изҳорот.
Коршиносони СММ аз эътирофи ахири Фаластин аз ҷониби Норвегия, Ирландия ва Испания истиқбол карданд.
Сабти номзадҳо ба мақоми Президенти Эрон ба анҷом расид
ТАСС. Раиси ситоди интихоботии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Шоҳчароғӣ хабар дод, ки 80 нафар барои ширкат дар интихоботи президентӣ расман сабти ном гардид.
Дар маҷмуъ, 278 нафар номзадии худро пешбарӣ кард, аммо танҳо 80 нафар пазируфта шуд. Шоҳчароғӣ гуфт, ки на ҳамаи 80 нафар дар интихобот номзад хоҳад шуд, зеро ҳафт рӯзи дигар парвандаи онҳоро Шурои посдорони Конститутсия баррасӣ хоҳад кард, то муайян намояд, ки оё номзад ба мақоми президентӣ мувофиқ аст ё на. Рӯйхати ниҳоии ширкаткунандагон 11-уми июн нашр мешавад. Интихоботи пеш аз муҳлат барои президентӣ 28-уми июн таъин шудааст.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Синхуа. Бино ба иттилои Агентии кумак ва кор бо гурезаҳои фаластинии СММ дар Шарқи Наздик (UNRWA), амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ, ҷанубтарин шаҳри Навори Ғазза, беш аз 1 миллион одамонро маҷбур кардааст, ки хонаҳои худро тарк созанд.
ТАСС. Шабакаи телевизионии "Ал-Қоҳира ал-Ихбария" бо такя ба як манбаи мисрӣ хабар додааст, ки намояндагони Миср, Қатар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 5-уми июн роҳҳои аз сар гирифтани музокирот дар бораи истиқрори оташбас дар навори Ғаззаро баррасӣ мекунанд.
Синхуа. Собиқ шаҳрдори Мехико Клаудия Шейнбаум, номзади эътилофи "Таърихсозиро бо ҳам идома медиҳем", рӯзи якшанбе пирӯзии худро дар интихоботи президентӣ ҷашн гирифт. К.Шейнбауми 61-сола дар тули беш аз 200 соли истиқлолияти давлатӣ нахустин Президенти Мексика аз байни занон хоҳад шуд.
Lenta.ru. Комиссияи интихоботии Ҳиндустон расман тасдиқ кард, ки «Эътилофи миллии демократӣ»-и Сарвазир Нарендра Моди дар интихоботи умумии парлумонии кишвар пирӯз шудааст.
Синхуа. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Мао Нин дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки мо умедворем, Иттиҳоди Аврупо ба уҳдадориҳои худ дар бораи тиҷорати озод ва мухолифат ба протексионизм (ҳимоятгароӣ) содиқ хоҳад буд ва барои нигоҳ доштани вазъи умумии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни Чин ва ИА ҳамкорӣ хоҳад кард.