Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
Моддаи 1. Ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз 18 ноябри соли 2023, № 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2023, № 11, мод. 484; с. 2024, № 3-4, мод. 158) қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
“4. Дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нет Солюшенс” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Душанбе Сити бонк”, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2023, № 1149 тасдиқ шудааст, маблағи ҷаримаҳои барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми “Баҳисобгирии автоматиконидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” ситонидашаванда, ки 50% (панҷоҳ дарсад)-и он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали Созишнома ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.”.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июни соли 2024, № 2047
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” қабул карда шавад
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 майи соли 2024, № 1337