Ба ифтихори 100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” чанде пеш бо ин ном китоби шодравон Мӯсо Мавлавӣ, ки муовини аввали сармуҳаррири ин нашрия буд, ба табъ расид. 47 сол дошт, ки бар асари садамаи нақлиётӣ дунёро падруд гуфт. Ҳанӯз ҳам дар хотири ҳамкорон ин рӯзи даргузашташ 17-уми октябри соли 1993 мондааст. Як корманди пуртаҷриба ва донандаи асрорҳои нозуки рӯзноманигорӣ буд. Дар таҳрир, омодасозии маводҳои рӯзнома ҳамеша масъулият эҳсос мекард. Дар тарбияи хабарнигорони ҷавон саҳм мегирифт, онҳоро роҳнамоӣ менамуд ва муҳаббаташонро ба соҳа меафзуд.
Мӯсо Мавлавӣ аз соли 1971, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корро дар ин рӯзнома оғоз бахшид ва то лаҳзаҳои охирини зиндагияш, яъне 22 сол ҷойи кор ва мавқеашро дигар накард.
Мушкилоти ҷомеа ва роҳи ҳалли онҳоро медонист. Бештар очерк менавишт. Муаллифи маҷмуаҳои “Даъват”, “Лочин”, “Интизом мебояд” (бо ҳаммуаллифии Н. Қосимов) ва “Сурхсавор” аст.
Намунаҳои эҷодиаш дар маҷмуаҳои дастаҷамъии “Давлати безавол”, “Ситораҳои пурҷило”, “Достони меҳнат”, “Баҳори Ҳисор” нашр шудаанд.
Соли 1991 барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ гардидааст.
Қаҳрамонҳои навиштааш шахсони фидоии халқу Ватан, зарбдорони меҳнат, қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ буданд.
“Ман зодаи сангам” фарогири очерку мақолаву ҳикояҳои ин рӯзноманигору нависанда аст. Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки муаллиф ҳамзамон донандаи хуби забони тоҷикӣ, анъанаву суннатҳои мардумӣ мебошад ва дар нишон додани симои қаҳрамонҳояш маҳорати зиёд дорад.
– Махсусан, гуфтугӯйи ӯ бо қаҳрамонҳояш (диалог) ҷолибу ибратбахшанд.
“– Ҳа, ака, лабонат аз табхол пур-ку? Тарсидӣ?
Кори шаб хандаи рӯз гуфтаанд. Шаб ба ҷӯйбор барои об рафтам. Алови чашмони чуғз ба чашмонам зад. Ба ростӣ, қариб дод мегуфтам. Лекин овозам набаромад. – Шариф хандид.
– Ҳеҷ гап не, ака. Маро ҳам шаби гузашта як ҷайра сахт тарсонд. Лаънатӣ дуки бофанда барин сар-сари марза рафтуо мекард. Дузди айёру шабгард барин..”.
Андешаҳо, хотираҳои ҷолиби ҳамкорон, шахсиятҳои маъруф дар бораи ин муаллиф як қисмати китобро ташкил медиҳанд.
Қисмати охири китобро суратҳои муаллиф, ҳамкорон ва хешовандонаш дар бар мегиранд.
Ҳамин тавр, “Ман зодаи сангам” туҳфаи хубест дар пешорӯи 100-солагии “Ҷумҳурият” ба хонандагон ва ҳаводорони ин рӯзноманигору адиб.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”