Бо мақсади бартараф ва пешгирии қоидаситезӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон амалиёти шартии «Чароғаки роҳнамо»-ро анҷом доданд. Дар доираи амалиёт, танҳо давоми 4 соат 54 ҳолати итоат накардани ронандагон ба талаботи чароғаки роҳнамо дар ҳудуди шаҳри Бохтар ошкору муайян гардид.
Дар натиҷа, аз рӯи далелҳои қоидавайронкунӣ ва итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо протокол тартиб ва ронандаҳои саркаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон ба роҳ мондани чунин чорабиниҳоро дар самти ба танзим даровардани роҳу нақлиёт муассиру натиҷабахш медонанд ва таъкид мекунанд, ки маҳз чунин амалиётҳо ба коҳиш ёфтани садамаҳои нақлиётӣ дар 5 моҳи соли ҷорӣ мусоидат кардааст.
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»