Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва Донишкадаи муттаҳидаи Вена (JVI) аз 3-юми июни соли равон семинарҳои омӯзиширо оид ба таҳлили макроиқтисодӣ, барномасозии молиявӣ ва сиёсат барои мутахассисони Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуд.
Машғулиятҳои омӯзиширо муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ оғоз намуд ва ба Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказиву Муғулистон ва Донишкадаи муттаҳидаи Вена барои ташкили семинари муштарак изҳори сипос карда, ҳамзамон зикр намуд, ки ин аввалин семинари CCAMTAC дар Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ мебошад.
Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ки мавзуи семинар барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад, зеро маҳз барномасозии молиявӣ асоси таҳлили вазъи кунунии иқтисодиёт, пешгӯии самти рушди он ва муайян намудани тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Семинар то 7-уми июн сурат мегирад ва иштирокдорон дар ин муддат метавонанд бо воситаҳои асосие, ки дар барномасозии молиявию сиёсат барои таҳлил ва пешгӯии маълумот истифода мешаванд, ошно гардида, минбаъд онҳоро дар амалия татбиқ намоянд.
Ҷиҳати доир намудани семинари омӯзишӣ ҷаноби Нурдаулет Абилов, хонум Алия Кистаубоева (таҳлилгарони иқтисодии CCAMTAC) ва хонум Татяна Евдокимова (иқтисодчии калони JVI) даъват шудаанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”