Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2012 бо кушода шудани “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори ҳамин муассиса бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.
Маврид ба ёдоварист, ки кормандони Медиатека аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, аз сомонаҳои иҷтимоӣ маълумот доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳамзамон, ташкил ва таъсиси фонди аудио-видеоии Медиатека, таҳияи наворҳои видеоӣ ва китобҳои гӯёи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои калидии Медиатека ба шумор меравад.
Дар ин замима, то имрӯз Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои (Феҳристи адабиёт) “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав”, силсилаи китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019-2021), (Феҳристи адабиёт) таҳия ва нашр намудааст. Инчунин, силсилаи китобҳои “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Народная газета” (1992-1997), “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Садои мардум” (1992-1996), “Феҳристи маҷаллаи Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1993-2003) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия намудааст.
Инчунин, дар доираи нақшаи Лоиҳаи “Бун-ёди хазинаи маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2024” иқдоми дигари Медиатека ба шумор рафта, дар ин мавзуъ якчанд адад китобномаи шарҳиҳолӣ (Феҳристи адабиёт), аз қабили, дастури библиографии маводи мусаббат, доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Феҳристи адабиёт), “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Феҳристи адабиёт)”, “Аксу мусаввараҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Феҳристи адабиёт)”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ (Феҳристи адабиёт)” ва чор ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “Саноатикунонии босуръати кишвар”-ро ба анҷом расонидааст.
Аз ҷониби иҷрокунандагони лоиҳа хостагирии мавод оид ба дастурҳои электронии библиографии иттилоотии «Савол ва ҷавоб», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар», «Хазинаи чопӣ ва электронии маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксу мусаввараҳо», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ» ба пуррагӣ омӯхта шудааст.
Дастури библиографии “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи "Народная газета” (1992-1996) («Образ деятельности Президента Республики Таджикистан в газете «Народная газета» (1992-1996) аз панҷ қисм иборат буда, дар он фаъолияти Сарвари давлат аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ то соли 1997 инъикос гардидааст. Дар дастури мазкур санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, суханрониҳо, барқияҳои шодбошӣ ва тасаллият, маҷлисҳо ва мулоқотҳо, сафарҳои Пешвои миллат ба дохил ва хориҷи кишвар, суҳбатҳои телефонӣ, муносибатҳои хориҷӣ ва навид иборат аст.
Бояд зикр намуд, ки Дастури библиографии “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инъикоси фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар буда, дар он фаъолияти даҳсолаи ин маҷалла аз соли 1993 то соли 2003 инъикос гардидааст. Дастури мазкур ба ду забон таҳия гардид ва қисмати аввалаш ба забони тоҷикӣ пешниҳод шуда, аз чор боб иборат аст. Ҳар як боби он дар алоҳидагӣ ба санади меъёрию-ҳуқуқӣ бахшида шудааст: боби аввал қонунҳои ҶТ, боби дуюм фармонҳои Президенти ҶТ, боби сеюм қарорҳои Маҷлиси Олии ҶТ ва боби чорум кодексҳо, оиннома ва созишномаҳои ҶТ.
Бояд зикр намуд, ки такмили феҳристи Медиатека бо ворид шудани китобҳои тозавурудшуда мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки ба фонди умумии Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 1266 нусха китоб, аз ин 1035 ба забони тоҷикӣ, 205 ба забони русӣ, 26 китоб ба забонҳои хориҷӣ ва дар хориҷа нашргардида нигоҳ дошта шудааст.
Инчунин, таҳкими ҳамкориҳо бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Марказӣ, шаҳри Душанбе), Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (телевизионҳои "Тоҷикистон", "Сафина", "Пойтахт", "Ҷаҳоннамо", "Баҳористон" ва ғайра) ва дигар муассисаҳои дахлдор роҳандозӣ гардида, дар оянда низ ҷоннок кардани ҳамкорӣ бо ин муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, дар оянда Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани форсизабонон “Пайванд” ҳамкориро роҳандозӣ намуда, баҳри фаъолияти пурсамар саҳми арзандаи худро гузорад.
Абубакр МАНОНЗОДА,
сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон