Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Рӯшон, дар баробари ба даст овардани пешравиҳо дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, солҳои охир дар корҳои созандагӣ ва ободонию бунёдкорӣ ҳам ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода иброз намуд, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз дастовардҳои арзанда ва файзи ваҳдату истиқлолият корҳои созандагиро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия равнақ бахшидаанд.
Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар чор моҳи аввали соли равон қаноатбахш буда, даромади умумии буҷети ноҳия беш аз 14 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, сол ба сол рушд меёбад. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ин давра бештар аз 8 млн сомониро ташкил медиҳад.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия иброз дошт, яке аз масъалаҳои калидӣ, ки имрӯз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба он диққати асосӣ равона намудааст, ин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад. Дар ноҳия соли 2015 маркази касбомӯзӣ таъсис ёфт, ки дар он ҷавонон касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, барқчӣ, бофандагӣ, ошпаз, кафшергарӣ, муҳосибӣ ва омӯхтани забонҳои англисӣ, русиро аз худ мекунанд.
Дар се моҳи аввали сол аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ду маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд, ки дар онҳо 150 нафар корҷӯ иштирок намуда, 24 кас бо қарзҳои имтиёзнок таъмин гашт, 12 нафари дигар аз ҳисоби худмаблағгузорӣ ва 80 нафар баъд аз касбомӯзӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Бо мақсади таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ аз тарафи шуъба барои 24 нафар ашхоси бешуғл ҷиҳати ташкили фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ба маблағи 86,9 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.
Фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф беҳбудӣ меёбад. Ширкати шогирдон дар олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ, шомили муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шудани теъдоди зиёди хатмкунандагони муассисаҳо шаҳодати пешравии соҳаи маориф дар ноҳия мебошад.
Ҳифзи сиҳатии аҳолӣ вазифаи муҳими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб рафта, баҳри беҳтар гардондани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои КАТС чораҳои муассир андешида мешаванд. Айни ҳол бо дастгирии МИҲД-и ноҳия сохтмони бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Бағу идома дорад. Дар ноҳия табобатхонаи марказӣ, се табобатхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, нуҳ маркази саломатӣ ва сӣ бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ба аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ мерасонанд.
– Ноҳияи Рӯшон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ ва роҳи ояндаи дурахшони худро муайян намуда, дар заминаи ин ҳидоятҳо фаъолият дорад. Мардуми меҳнатдӯсти ноҳия бо мақсади ноил шудан ба сатҳи зиндагии сифатан беҳтар ҷидду ҷаҳд доранд. Шаҳраки Вамар – маркази ноҳия ва деҳоти он сол ба сол ободу зебо мегарданд. Ба туфайли дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва МИҲД-и вилоят водии Бартанг, ки солҳои пеш қариб тамоми сол аз бероҳӣ ва набудани алоқаи телефонӣ дар бунбаст қарор дошт, ба як минтақаи саёҳатбоб табдил ёфта, роҳҳоаш обод шудаанд. Имрӯз дар ин минтақа деҳае нест, ки аз алоқаи боэътимоди телефонӣ бархӯрдор набошад. Бо сохтмони 10 неругоҳи барқӣ водии Бартанг пурра бо неруи барқ таъмин мегардад. Хуллас, раванди ободониву созандагӣ дар ноҳия торафт вусъати тоза мегирад, – гуфт Илҳом Аҳмадзода.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”