Соли 1925 ба муносибати ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон рӯзномаи “Иди тоҷик” бо теъдоди 1000 нусха нашр гардид. Ин рӯзнома аз шумораи дуюм “Бедории тоҷик” ном гирифта, сипас бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ва имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» интишор мегардад.
Рӯзномаи “Бедории тоҷик” аз 8-уми октябри 1928 ба “Тоҷикистони сурх” табдили ном карда, таблиғи ғояҳои Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистони шуравиро пурқувваттар намуд. Дар солҳои 1928-1929 дар ин рӯзнома бештар масъалаҳои алифбои лотинӣ, мактабу маориф, рушди хоҷагии қишлоқ, мубориза бо боёну амлокдорон, озодии занон, масоили байналхалқӣ ва ғайра инъикос шудаанд. Дар ин давра маводи дорои хусусияти адабидошта ба назар мерасад.
“Тоҷикистони сурх” дар солҳои мавриди назар мавод дар жанрҳои адабиро зери рубрикаи “Адабиёт” ва дар гӯшаи ҳаҷвии “Гӯшмол” ба нашр расонидааст. Дар рубрика ё гӯшаҳои мазкур бештар ба шеър дучор мешавем. Яъне, рӯзнома дар ин солҳо барои таблиғи ғояҳои Ҳукумати шуравӣ аз имконияти шеър ва ё назми публитсистӣ васеъ ва бамаврид истифода намудааст. Асосан ашъори Сарвар, Рабеӣ, Фиғонии Туробӣ, Суҳайлӣ, Таввоб, Аминзодаи Хуҷандӣ, Масъудӣ бештар нашр шудаанд.
“Тоҷикистони сурх” дар қатори навиштаҳои мухбирони коргару деҳқон зери рубрикаи “Адабиёт” ашъори аз ҷониби хонандагон ба идораи нашрия шомилгардидаро низ чоп намудааст. Масалан, дар шумораи 12-уми сентябри соли 1929 шеъре бахшида ба кушодашавии роҳи оҳани Душанбе бо номи “Роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз муборак бод!” нашр гардидааст, ки чунин оғоз меёбад:
Ранҷбарони ҷаҳон, дидаи дил во кунед,
Донишу илму фунун бар дили худ ҷо кунед.
Аз пайи дониш равед, назди маориф равед,
Рӯй ба мактаб ниҳед, баҳрае пайдо кунед.
Ин шеър ба қалами Рабеӣ тааллуқ дорад. Дар поёни он идораи рӯзнома чунин таъкид кардааст: “Чун ин адабиёт дар рӯзи кушода шудани роҳи оҳани Душанбе дар мавқеи демунистратсияҳои дар вокзалшудагӣ, аз тарафи як деҳқони қишлоқи Чорбоғ суруда шуд, аз вазну қоидаҳои шеъриаш сарфи назар карда, ба хотири шодии деҳқонон ба рӯзнома ҷой додем”.
Дар баробари ашъоре, ки аз ҷониби хонандагон ирсол гардидааст, аксари ашъори он солҳо ҳадафмандона иншо шуда, ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии мардум марбут мебошанд. Масалан, бештари ашъоре, ки дар моҳҳои март-апрели соли 1929 дар “Тоҷикистони сурх” интишор гардидаанд, ба киштукори баҳорӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар шумораи 10-уми апрели соли 1929 навиштаи Сарвар бо номи “Баҳори мо” дар татаббуъ ба шеъри “Насими баҳор”-и Пайрав Сулаймонӣ эҷод ва интишор гардидааст, ки дар он масъалаҳои киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта, гандуму ҷав ва парвариши пилла ба силки назм кашида шудааст:
Чи хуш, соли хуб аст ин соли ҷорӣ,
Ҳама гашта машғули кишти баҳорӣ.
Яке ғӯза корад, дигар гандуму ҷав,
Яке пила монад, дигар пахтакорӣ.
Ҳамин тариқ, рӯзнома дар мавсими ҳосилғундорӣ низ ашъореро ба нашр расондааст, ки руҳияи меҳнаткашонро ҷиҳати ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар зироатҳо боло мебарад. Аз ҷумла, дар шеъри “Ба муносибати ду ҳафтаи пахтағундорӣ”-и Таввоб Аминзода ин масъала чунин матраҳ шудааст:
Соз баҳри пахтачинӣ ҳамчу фаъолон давом,
Душманонро з-оташи андуҳу ҳасратҳо
гудоз.
Чун тамоми пахтаҳоят бе ғашу ғил
чида шуд,
“Хонаи деҳқон” хирому шахмату шашка
бибоз.
Ашъори соли 1929-и “Тоҷикистони сурх” доир ба мавсими киштукор, таҷлили иду ҷашнҳо, мактабу маориф, озодии занон, масоили байналхалқӣ ва ғайра бахшида шудаанд, ки дар баробари таблиғи идеологияи Ҳукумати шуроӣ, инчунин, як навъ вазифаи ташкилотчигиро низ иҷро намудаанд. Чунончи дар шеъри “Даъвати иҷтимоӣ баҳри заюм”-и Сарвар масъалаи ба роҳ мондани харидории заюм тасвир шудааст. Муаллиф барои таъсир расондан ба мафкураи омма аз номи шахсиятҳои саршиноси ҷомеа, мисли устодон Айниву Лоҳутӣ ва дигарон хуб истифода кардааст:
Ман ҳам ба қатори халқи бисёр
Гаштам ба заюми нав харидор.
Азбаски заюм нафъи бисёр.
Дорад ба Ҳукумату харидор,
Бо фабрику роҳҳои оҳан,
Масраф шаваду кунад чу гулшан.
Ман низ рабуда гӯйи сабқат,
Кардам ду-се аз рафиқ даъват.
Лоҳутиву Мунзиманду Айнӣ,
Ҷабборӣ, Саидризову Зеҳнӣ.
Овора Ҳусайнзода, Ахтар,
Сатториву Маҳдӣ, низ Озар...
Шеъри “Таърих ва табрики роҳи оҳани Душанбе”-и Сарвар ба омадани қатора ба шаҳри Душанбе бахшида шудааст, ки ду байти аввали он чунин аст:
Чи хуш омад ба марказ роҳи оҳан,
Ба тоҷикон муборак равнақи нав.
Диҳад ин нафъи бисёре ба омма,
Расад ҳар ҷо, кунад обод даррав.
Тавре рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” иттилоъ додааст, 29-уми июли соли 1929 Анҷумани чоруми муаллимони шуроии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Ба ин муносибат, Сарвар бо номи “Тақдим ба Анҷумани чаҳоруми муаллимони Тоҷикистон” бо ин мазмун шеър навиштааст:
Равнақи кори мо - муаллими сурх,
Кони нуру зиё - муаллими сурх.
Кунад аз илму маърифат ҳама ҷо
Рӯшану босафо - муаллими сурх.
Дар соли 1929 қариб 80 фоизи назми гӯшаи мазкурро ашъори Сарвар ташкил медиҳад. Маврид ба таъкид аст, ки шоир ва забоншинос Сарвар (Мирсарвар Мирҳайдаров) умри худро ба кори матбуот бахшида, солҳои 1926 -1935, яъне то рӯзи вафоташ, ҳамчун ходими рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” фаъолият намуда, ашъори зиёде интишор намудааст.
Холиқ Мирзозода, адабиётшинос, М. Аминзода ва Сарварро шоироне номидааст, ки ба “ҳодисаҳо ва навигариҳои ҳаррӯза дар сари вақт ҳамовоз” мешаванд. Албатта, ҳамовозшавии ин шоирон, аслан ба воситаи ашъори иҷтимоии онҳо сурат гирифтааст. Тавре ин муҳаққиқ навиштааст: “Хусусияти ҷолиби диққати эҷодиёти ин давраи М. Аминзода иборат аз он аст, ки вай ба воқеаҳо, ҳодисаҳо ва навигариҳои ҳаррӯза дар сари вақт ҳамовоз мешавад. Хубии ин хусусияти шоир иборат аз он аст, ки вай аз воқеаҳои замона канда нашуда, бо ҳаёт баробар қадам мезанад ва хонандаи советиро аз масъалаҳои ҳаррӯза бо ифодаҳои бадеӣ огоҳ менамояд ва мулоҳизаҳои худро баён менамояд. Ин хусусият дар ашъори Сарвар низ хеле равшан мушоҳида мешавад. Сарвар аз қабили ҳамон шоирони куҳансоли маорифпарвар аст, ки баъд аз чандин соли хомӯшӣ, дар соли 1925 ба майдони адабиёти советии тоҷик қадам ниҳодааст”.
Ҳамин тариқ, назми публитсистии рӯзнома дар ин солҳо ба мавзуъҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраи мардум бахшида шуда, ҷиҳати ташвиқу тарғиби сиёсат ва идеологияи Ҳукумати шуравӣ нақши арзанда гузоштааст.
Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ, номзади илмҳои филология