10-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.
“Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаҷми 916 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллари ИМА 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.
Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро баррасӣ карданд.
Дар ин робита, Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳори сипос намуданд.
Дар рафти мулоқот алоқамандии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳо бо Бонк дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ва Барномаи “Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф” таъкид гардид.
Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” дар соҳаҳои гуногуни иқтисод зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОНУМ ОДРИ АЗУЛЕ
10-уми июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гаштанд.
– Тавсеаи робитаҳо бо ЮНЕСКО дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, сатҳу муҳтавои имрӯзаи он боиси қаноатмандии мост,– изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз дастгирии доимии Созмон аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Шашмақому фалак, гулдӯзӣ, бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон, ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз ҷумлаи мероси гаронбаҳои моддиву маънавии арзишманди тоҷиконанд, ки эътирофу эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.
Дар зимн, саҳм ва дастгирии ЮНЕСКО дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои ниёгони мо ва таҳвили онҳо ба наслҳои оянда амри муҳим шумурда шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки кишвари мо ба ҳамкории судманди минбаъда бо ЮНЕСКО дар самти нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз нобудшавии мавзеъҳои таърихӣ ва ганҷинаҳои фарҳангии миллӣ манфиатдор мебошад. Дар ин ҷода, ҷонибҳо истифодаи зарфиятҳои фановарию техникии Созмонро дар доираи барномаи “Таҳкими иқтидор барои мудирияти мероси таърихӣ” зарур донистанд.
Татбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО дар бораи “Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ рӯбарӯи хатари обшавии пиряхҳо” аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки оид ба рафти амалисозии он табодули андеша сурат гирифт.
КОНСТАНТИНО ЧИВЕНГА ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
10-уми июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд.
– Дар шахси шумо ба кишвари дӯсти Зимбабве, ки ташаббусҳои Тоҷикистонро дар соҳаи об ва иқлим дастгирӣ намуда, дар татбиқи онҳо фаъолона ширкат меварзад, арзи сипос менамоям,– изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо омодагии кишварҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба иброз дошта, масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори саноат, кашф ва истихроҷи маъданҳо, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои иқтисодӣ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот оид ба авҷ гирифтани низоъҳо дар кишвару минтақаҳои гуногун, афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша сурат гирифт.
Ҳамчунин, мусоҳибон масоили дигари мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ЗАМБИЯ ХОНУМ МУТАЛЕ НАЛУМАНГО
10-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налумангоро ба ҳузур пазируфтанд.
– Ҷумҳурии Замбия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар соҳаи об, яъне эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ намуд. Мо аз ин иқдоми кишвари шумо сипосгузорем,– изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои имрӯзаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Замбия ва ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Барои рушди муносибатҳои дуҷониба мувофиқи мақсад дониста шуд, ки масъалаҳои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, роҳандозии робитаҳои палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ба баррасӣ гирифта шаванд.
Рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба амри муҳим дониста шуд.
Мусоҳибон ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва табодули таҷриба дар ин соҳаҳо, инчунин, роҳандозии равобити фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, истифодаи зарфиятҳои фаровони сайёҳии Тоҷикистонро аз самтҳои ояндадори муносибатҳо хонданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро низ муҳокима намуданд.
МУЛОҚОТ БО УЗВИ ПРЕЗИДИУМИ БОСНИЯ ВА ҲЕРСЕГОВИНА ХОНУМ ЖЕЛКА СВИЯНОВИЧ
10-уми июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свияновичро ба ҳузур пазируфтанд.
– Ташрифи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба Тоҷикистон боз як далели дастгириҳои доимии давлати шумо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ менамоям,– изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об ва дигар мушкилоти глобалии сайёраро баррасӣ намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки мулоқоти феълӣ ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳо такони тоза мебахшад.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва таҳкими минбаъдаи ин равандро муҳим донистанд.