Ифтихори тоҷиконат гуфтаам,
Машъали рӯи ҷаҳонат гуфтаам.
Лоиқи сад достонат гуфтаам,
Мағз андар мағзи ҷонат гуфтаам.
Пешвои хоксору муътабар,
Минбари корат пур аз фатҳу зафар.
Ҳарфи ширинат ҳама ширу шакар,
Халқро болои чашму тоҷи сар.
Байни мардум марди мардон гаштаӣ,
Аз садоқат шоҳи даврон гаштаӣ.
Шаҳгуле андар гулистон гаштаӣ,
Шаҳсутуни Тоҷикистон гаштаӣ.
Мо ба фардои дурахшон меравем,
Бо ливои Тоҷикистон меравем.
Ҳамраҳи ту, Пешвои беназир,
Бемуҳобо, то ба кайҳон меравем.
БАЛАНДИИ САРИ МО
Ватан, ту модари манӣ,
Ба ҷон баробари манӣ.
Чу ҳарфи шоирии ман
Ҷилои дафтари манӣ!
Туро сароям аз ҷигар,
Чу булбулони нағмагар,
Маро зи туст болу пар,
Ватан, ту шаҳпари манӣ!
Ту ганҷи ошёни ман,
Ту файзи рӯйи хони ман,
Ту ширабахши нони ман,
Ту қанду шаккари манӣ.
Рафиқи дилписанди ман,
Азизу арҷманди ман,
Саодати баланди ман,
Ту ёру ёвари манӣ.
Замини туст саҷдагоҳ,
Самои туст сарпаноҳ,
Сарои туст хонақоҳ,
Ту шамси ховари манӣ.
Ҳавои ту давои дил,
Суруди хушнавои дил,
Сахои дил, сафои дил,
Ватан, ту раҳбари манӣ.
Зи дил бигӯям ин сухан –
Ба лафзи ҷон, ба нақди тан,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан
Баландии сари манӣ.
Ҷӯрабек МУЪМИН